Дар соли 2023 воридоти мол ба 5880,1 млн. доллар баробар гардида, нисбат ба соли 2022 13,8 фоиз ё 712,6 млн. доллар зиёд шудааст, хабар дод имрӯз зимни нишасти хабарӣ вазири рушди иқтисод ва савдо ҶТ Завқӣ Завқизода.
Ҳамчунин Завқӣ Завқизода иброз дошт, ки дар сохтори воридот ҳиссаи маҳсулоти озукаворӣ барои истеъмол 7,4 фоиз ва барои коркард 11 фоиз, воситаҳои нақлиёти заминӣ 12,8 фоиз, махсулоти нафтӣ 11,3 фоиз, таҷҳизоти технологӣ 8,5 фоиз, металлҳои сиёҳ 5,5 фоиз, мошинҳои барқӣ ва таҷҳизот аз чубу тахта ва махсулот аз он 4,2 фоизи, гази моеъ 3,1 фоиз, металлҳои полимерӣ 3 фоиз, аз металҳои сиёҳ 2,3 фоиз, маҳсулоти кимиёӣ ғайриорганикӣ 2,1 фоиз, воситахои парвозкунанда ва маҳсулоти фармасевтӣ 1,6 фоиз, гилхок 1,3 фоиз, нурихо 1,1 фоиз ва ғайраҳо ташкил медиҳад.
Завқӣ Завқизода дар нишаст зикр кард,ки солҳои охир дар натиҷаи ба роҳ мондани истеҳсоли молҳои ватанӣ ҳаҷми воридоти гӯшти мурғ, обҳои ташнашикан, маҳсулоти қаннодӣ, меваҳои ситрусӣ, маргарин, орд, маҳсулоти ширӣ нисбат ба солҳои қаблӣ ба таври назаррас коҳиш ёфт.
Сурайёи Сироҷиддин
радиои “Тоҷикистон”