Баррасии ҳамкориҳои Кумитаи телевизион ва радио бо ширкати “Ал-Майсан”-и Амороти Муттаҳидаи Араб

7-уми феврали соли 2024 раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин бо директори иҷроияи ширкати “Ал-Майсан”-и Амороти Муттаҳидаи Араб Ҷон Намур мулоқот намуд.

Дар ин бора сомонаи КТР хабар дода, менависад, ки дар рафти мулоқот масъалаҳо вобаста ба вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “Ал-Майсан”-и Амороти Муттаҳидаи Араб дар самти таъмини пахши моҳворавии барномаҳои телевизионҳои давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

ба иттилои манбаъ, Нуриддин Саид аз ҳолати кунунии ҳамкориҳои ҷонибҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии Кумитаро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани муносибатҳои мутақобилан судманд изҳор доштааст.