Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Имкон дорад нархи хизматрасонии таълимӣ дар давраи 2024-2025 боло равад

Нархи хизматрасонҳои таълимӣ ҳарчанд ду соли охир бетаѓйир буд, аммо соли таҳсили 2024-2025 имкони болоравии он мавҷуд аст.  Дар ин бора зимни баргузории нишасти хабарии Хадамоти зиддиинҳисорӣ таъкид гардид.

Муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ба Хадамот дар ин маврид пешниҳодҳо намуданд, аммо қабул шудан ё нашудани он то ҳол маълум набуда, бо назардошти хароҷотҳо шояд талаботи онҳо қонеъ гардонида шавад, – гуфт муовини аввали сардори Хадамот Сафаралӣ Қурбонзода.  Ҳамчунин таъкид гардид, ки соли 2023-юм тибқи Қарори Ҳукумати ҶТ номгӯйи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор мегирад, аз 19 то ба 20 расонида шуд, яъне ангишт низ ба ин номгуй шомил гардид.

Мувофиқи маълумоти гумрукӣ дар соли сипаришуда ба ҷумҳурӣ 1млну 413 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардида, нисбат ба соли 2022-юм 13,4 фоиз коҳиш ёфтааст.   Нархи миёнаи воридоти як тонна бензин дар моҳи декабри соли 2023 20 фоиз афзоиш ёфта,  сабаби асосӣ ноустувор будани арзиши 1 тоннаи он дар давлатҳои содиркунанда маънидод гардид.  Иштирокчиёни бозори воридоти бензин 29, дизел 38 ва гази моеъ 15 субъекти хоҷагидорро ташкил медиҳад.

                            Шоиста Аҳмад

                     радиои “Тоҷикистон”