Дар соли 2023 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 557 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 48 ҳодиса ба иқтисоди ҷумҳурӣ ва аҳолӣ зарар расонидааст.
Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси КҲФ ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯзноманигорон иттилоъ дод. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи раиси Кумита бар асари 12 офатҳои табиӣ 51 нафар шаҳрвандони кишварҳо ба ҳалокат расиданд.
Инчунин аз ҷониби масъулини ин ниҳод қайд карда шуд, ки сарфи назар аз он, ки рейдҳо муттасил гузаронида мешаванд, мутаассифона ҳамоно дар иншоотҳои обӣ одамон ба ҳалокат мерасанд. Дар натиҷаи риоя накардани техникаи бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар давраи ҳисоботӣ дар дарёҳо ва кулҳои шаҳру навоҳии кишвар 181 нафар ҷони худро аз даст доданд, ки бештари онҳоро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд.
Бино ба таҳқиқоти анҷомдодашудаи Кумита сабабҳои асосии ҳалокат дар об шиноварӣ дар ҷойҳои мамнӯъ аз беэҳтиётӣ ва беназоратии волидон мебошад.