Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷонзода Олимҷон ба намояндагони ВАО иттилоъ дод, ки дар соли 2023 Кумита Феҳрист номҳои миллии тоҷикиро дар таҳрири нав таҳия намуд ва дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва вазорату идораҳои дахлдор 89 номи маҳали аҳолинишин, 639 номи ғайрмеъёрии ивазшавандаи ҳудуди шаҳру ноҳияҳои кишвар ва 728 номи маҳали аҳолинишинро мавриди баррасӣ қарор дода, ба 3522 ном барои иваз тавзеҳотнома навишта шудааст.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки Кумитаи забон ва истилоҳот оид ба риоя нашудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои забони тоҷикӣ дар муассисаҳо, корхонаву идораҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонида, мутахасисон ва коршиносон оид ба пешгирии он ҳамарӯза корбари карда истодаанд.
Муҷиддини САЙФИДДИН
радиои “Тоҷикистон”