Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024” ҳамаи анборҳо, сардхонаҳо ва лавозимоти заруриро омода намуда, дар онҳо ба миқдори 2305 тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира карда шуд. Дао ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ масъулини ин сохтор ба намояндагони ВАО- кишвар иттилоъ доданд.
Инчунин маълумот дода шуд, ки фуруши маҳсулоти захирашуда ибтидо аз 1 – уми декабри соли сипаришуда оғоз гардид. Гуфта шуд, ки бахшида ба 35- солагии Истиқлолияти давлатии кишвар иншоотҳои дохили бозори маркази ҷамъияти матлуботи ноҳияи Шаҳристон ба маблағи 770 ҳазор сомонӣ пурра азнавсозӣ ва ба истифода дода шуда, дар бозори марказии ноҳияи Ховалинг бошад, бо ин мақсад дар марҳилаи аввал 3,5 млн. сомони хароҷот гардид.
Умуман дар ин давра ба буҷети давлат аз ҳамаи намудҳои фаъолияти Иттифоқи Тоҷикматлубот 28,2 млн. сомонӣ андоз пардохт карда шудааст.