Кинотеатрҳои шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар барои сокинон ва меҳмонони Тоҷикистон аз 200 филм пешниҳодшуда, 70 филмро бо ҷалби 50 000 тамошобин намоиш доданд. Гуфт имруз зимни нишасти хабари Директори Муасисаи давлати Тоҷикфилм Маҳмадсаид Шоҳиён.
Ба иттилои номбурда ба алоқамандони синамо маҳсули эҷоди солҳои охир синамои ҷаҳон,аз ҷумла филмҳои ғолиби синамоҷашнвораҳо манзур карда шуданд. Дар ин хусус ҳамкорамон Сураё Сирочиддин аз нишасти матбуоти ин ниҳод хабар доданд.
Ҳамчунин Маҳмадсаид Шоҳиён иброз дошт,ки меҳмонони синамоҷашнвора бо ҳамроҳи ходимони синамои Тоҷикистон аз шаҳру ноҳияҳои кишвар шинос шуданд.
Сурайё Баротова
радиои “Тоҷикистон”