Мулоқоти прокуророни генералии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар Душанбе

5 феврал дар шаҳри Душанбе мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Сауд Абдуллоҳ Алмуаҷиб баргузор шудааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот масъалаҳои муқовимат ба терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, хариду фурӯши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва дигар зуҳуроти ҷинояткории фаромиллӣ муҳокима гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки мулоқот дар доираи сафари кории Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Сауд Абдуллоҳ Алмуаҷиб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.