Бо вуҷуди назорати бозори истеъмолӣ ва ҳимояи он аз воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва хатарнок дар соли 2023 дар, натиҷаи гузаронидани назорати давлатӣ ба миқдори 1 436 643 кг маҳсулот аз ҷиҳати бехатарӣ, 1 051 305 кг ва қисми дигари он аз рӯи тамғагузорӣ дар борҷомаашон ба талабот ҷавобгӯ набуд.
Ин маълумот имрӯз зимни нишасти матбуотии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти андози назди Ҳукумати Ҷ.Т. садо дод. Аз ҷумла дар озмоишгоҳҳои ташхисии маҳсулоти ғизоии Агентии Тоҷикстандарт аз рӯи сифату бехатарӣ ва тамғагузорӣ, ки қисми зиёдашон маҳсулоти воридотӣ ба ҳисоб меравад, ғайристандартӣ дониста шуда, мутобиқи тартиби муқараргардида нисбат ба воридкунандагони ин маҳсулот чораҳои маъмурӣ андеша шуданд.
Бино ба маълумоти манбаъ, инчунин аз ҷониби масъулини ин сохтор гуфта шуд, ки дар соли 2023 ба Агентӣ аз ҷониби соҳибкорон тибқи дархост зиёда аз 87 000 кг маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ, ки муҳлати истеъмолиашон гузаштаанд, ба анбори нигаҳдории Агентӣ супорида шуд.
Олуфта Шарипова
радиои “Тоҷикистон”