Дар соли равон аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии кишвар барои давраи то соли 2040 бояд таҳия ва ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод карда шавад, – зикр намуд раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода зимни нишасти матбуотӣ.
Тибқи маълумот дар мавсими ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ аз тирамоҳи соли 2022 то баҳори соли 2023 дар ҷумҳурӣ 1 722 190 бех ниҳол шинонида шудааст. Вақте сухан дар мавриди сабзиши ин ниҳолҳо рафт, раиси Кумита таъкид дошт, ки барои беҳтар намудани натиҷаи ниҳолшинонӣ тавассути Лоиҳаи сармоягузорӣ дар ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён, Носири Хусрав, Айнӣ, Панҷакент ва Ванҷ дар умум 77 гектар ниҳолхонаҳо таъсис дода мешаванд.
Мақсади асосӣ ин нигаҳдории фонди генетикии ҷангал буда, ба барқарории баъзе намудҳои эндемикҳо, (тӯс, бодоми ваваилов, бодоми хордор, сафеди нуқрабарг, хурмои ёбоӣ, себи сиверс) ҳамчун намудҳои ҳифзшаванда, равона гардидааст.