Муовини Сарвазир – Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон дар муҷассами Шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

Имрӯз, 25 январ муовини Сарвазир — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеу, бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанг, маданият ва фарзандони қаҳрамони миллати тоҷик дар назди муҷассами Шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.

Дирӯз муовини Сарвазир — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеу бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  ташриф оварда, дар назар аст, ки имрӯз дар доираи ин сафар бо мақомоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоту музокирот намояд.