Бо мақсади таҳкиму густариши робитаҳо бо минтақаҳои шимоли Олмон Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов ба музофоти федеролии Шлезвиг-Ҳолштайн сафар намудааст. Дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Имомуддин Сатторов дар пойтахти Шлезвиг-Ҳолштайн- шаҳри бандарии Кил бо Сарвазири ин устони федеролӣ Даниел Гюнтер мулоқот анҷом додааст.
Тақвияти равобити минбаъда байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Шлезвиг-Ҳолштайн, бахусус дар бахшҳои иқтисод, манбаъҳои неруи таҷдидпазир, илму маориф, фарҳанг ва муҳоҷират мавриди баррасии тарафҳо қарор доштанд.
Дар вохӯрӣ бо ноиби Президенти Донишгоҳи Кил ба номи Кристиан Албрехтс Ралф Шнайдер ба барқарорсозии робитаҳои байнидонишгоҳӣ, тарҳрезӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ дар соҳаҳои обу ҳифзи пиряхҳо, ҳамчунин табодули донишҷӯён тамаркуз дода шудааст.
Сафир ҳамчунин бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар соҳаҳои ҷуғрофия ва геология дар ин боргоҳи илм таҳсил менамоянд, суҳбат намуд. Аз донишҷӯён даъват шуд, ки ба омӯзиши амиқи илму донишҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ диққати бештар диҳанд.