Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, пеш аз ҳама дар робита ба муҳимтарин нукоти Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлисӣ олии кишвар матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 2 январ мақолае бо номи “Эмомалӣ Раҳмон – намоди ифтихор барои ҳамеша” чоп карда навишт, ки Эмомалӣ Раҳмон, воқеан, чеҳраи маъруфи сиёсии сатҳи ҷаҳон ва сиёсатмадори барҷастаи даврони нав буда, соҳиби ақлу фаросат, донишу истеъдоди нодири модарзодӣ ҳастанд.
Ба навиштаи муаллиф, Президенти кишвар дар заминаи талошҳо баҳри таъмини оромии кишвар, пойдории сулҳу салоҳ, таҳкими амнияти миллӣ, ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳим, пешбурди сиёсати хориҷӣ тавонистанд ба эътирофи сиёсатмадорони ҷаҳон мушарраф гарданд.
Ба хулосаи муаллиф, эътирофи шахсият ҳамчун Президенти кишвар, Пешвои миллат, пеш аз ҳама, нишонаи тақвияти эътимод ба фаъолияти шахсияте ҳастанд, ки шуҷоатманд ва иродаи қавӣ доранд. Яъне чунин инсонҳои шарифу шуҷоъ ҳамеша дар вазъиятҳои гуногун сарнавишти мардуми худро ба хубӣ дарк ва муайян намуда, номи неки худро дар зеҳн ва тафаккури мардум барои ҳамеша ҷо мекунанд.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумора ҳамчунин мақолае таҳти унвони “Тағйирёбии иқлим. Ҳифзи пиряхҳо ҳифзи ҳаёт аст” нашр карда, масъали ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ дар Тоҷикистонро матраҳ кардааст.
Ба навиштаи муаллиф, имрӯзҳо захираҳои об зери таъсири хатарҳои гуногун қарор дошта, ба амнияти озуқаворӣ, тавлиди «неруи сабз» ва пойдории табиат таъсир мегузорад.
Дар ин мақола зикр мешавад, ки дар Тоҷикистон манбаи асосии об пиряхҳо ва барфу борон маҳсуб шуда, майдони умумии пиряхҳо 8476,2 километри мураббаъ аст, ки қариб 6 дарсади масоҳати ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Зикр мешавад, масъалаи нигаронкунанда айни замон он аст, ки бар асари гармшавии иқлими сайёра, давоми 30 соли охир дар Тоҷикистон 1000 пирях об шудааст.
Дар асоси маълумоти олимони соҳа, пиряхҳои Тоҷикистон ҳар сол ба дарёҳо бештар аз 13 километри мукааб об мерезанд, ки зиёда аз 25 дарсади обҳои ба дарёҳо ҷоришавандаро ташкил мекунанд. Аммо минтақаи Осиёи Марказӣ, махсусан ҳудуди Тоҷикистон, ки яке аз манотиқи ба тағйирёбии иқлим осебпазир мебошад, бинобар сабаби баланд шудани ҳарорат, кам гаштани миқдори боришот ва дигар омилҳои метеорологӣ захираи пиряхҳо коҳиш меёбад.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 29 декабр хабар дод, ки дар ҷаласаи якҷояи нуҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ рӯзи 28 декабр фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 5 январи соли 2023 дар бораи озод намудани муовини якуми сарвазир, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва вазири кишоварзии Тоҷикистон тасдиқ шуданд.
Ҳамзамон дар ин ҷаласаи якҷоя Маҳмадтоир Зокирзода раиси Маҷлиси намояндагон дар робита ба Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ сухан гуфта, ба нуктаҳои меҳварии он таъкид кард.
Ба гуфтаи Зокирзода, паёми имсола аз лиҳози муҳтавои худ аз паёмҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ дорад, зеро имсол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паём пешниҳод карданд, ки
-низоми идоракунии давлатӣ такмил ва ислоҳоти сохторӣ идома дода шавад; — қарзи андозҳои то 1 январи соли 2018 ба вуҷудомадаи субъектҳои соҳибкорӣ аз эътибор соқит карда шавад;
— музди меҳнат 40 дарсад ва нафақа 30 дарсад зиёд карда шавад;
— бо ҳадафи ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангии миллӣ Агентии ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ таъсис дода шавад;
ва баҳри таҳкими қонуният ва волоияти қонун соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.
Нашрияи “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 3 январ мақолае бо номи “Ҳамкорӣ мебояд, на рақобату бартариҷӯйӣ” чоп карда, менависад, ки солҳои охир муқаррароти қонунгузорӣ дар робита ба терроризму экстремизм дар кишвар такмил ёфтааст, вале на ҳама моҳияти онро дарк кардаанд.
Ба гуфтаи муаллиф, дар самти пешгирӣ ва мубориза бо ифротгароии динӣ-сиёсӣ ва идеологияи ифротгароӣ ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои илмӣ, таълимӣ, воситаҳои ахбори омма беш аз пеш фаъолу ташаббускор бошанд. Инчнуин Олимону зиёиён низ муваззафанд, ки дар заминаи пажӯҳиши амиқу доманадор усулҳои ҷадиди пешгирии ифротгароии динӣ-сиёсиро коркард ва пешниҳод намоянд.
Аз сӯи дигар муаллиф мегӯяд, ки то ба ҳол аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеъгирии ягона нисбат ба мафҳумҳои терроризм ва экстремизм ба назар намерасад ва маҳз чунин мавқеъгирӣ боиси тавсеаи ҷуғрофияи хатару таҳдидҳои хатарбори мазкур дар шаклу усулҳои пешгӯинашаванда ва боз ҳам даҳшатноктар гардидааст.
Нашрияи “Минбари халқ” дар шумораи охири худ бо нашри матлабе масъалаи муаррифии осорхонаҳои Тоҷикистон дар фазои маҷозиро матраҳ кардааст. Ба навиштаи муаллиф, дар ҷаҳони муосир осорхона натанҳо ёдгориҳои таърихӣ ҳифз мекунад, балки имкон дорад бо истифода аз фазои маҷозӣ онро барои ҷаҳониён муаррифӣ кунад.
Бо назардошти ин муаллиф ба масъулони осорхонаҳои Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дар фазои маҷозӣ фаъол бошанд, то ҷаҳониён бештар бо таъриху тамаддуни тоҷикон ошно шаванд.
Дар ин замина муаллиф омода кардани мутахассисони лозимаро барои осорхонаҳои кишвар ҷиҳати фаъолияти муасир дар фазои маҷозӣ зарур донистааст.
Нашрияи “Мароми пойтахт” дар шумораи тозаи худ бо нашри матлабе хабар дод, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон 267 филм ба навор гирифта шудааст. Муаллиф ёдовар мешавад, ки то кунун дар кишвар ҷиҳати рушди синамо чор барномаи давлатӣ қабул шуд, ки натиҷаҳои назаррас ба бор овард.
Дар идома гуфта мешавад, ки дар солҳои соҳибиқтисқлолӣ аз ҷониби МД “Тоҷикфилм” 267 филм, аз ҷумла 52 филми ҳунарии пурра, 42 филми ҳунарии кӯтоҳ, 170 филми мустанад ва 11 филми тасвирӣ ба навор гирифта шуд.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”