27 ноябри соли 2023 Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода бо Намояндаи минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ хонум Ашита Миттал вохӯрӣ баргузор намудааст.
Тавре сомонаи расмии ин Агентӣ хабар медиҳад, дар рафти вохӯрӣ татбиқи Барномаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъовар ва ҷинояткорӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2022-2025 муҳокима гардида, дурнамои ҳамкориҳоро дар доираи ин Барнома мавриди муҳокима қарор доданд.
Ба иттилои манбах, ҳамчунин, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба ҳисоботи Раёсати СММ оид ба маводи нашъовар ва ҷинояткорӣ “Шарҳ оид ба афюн дар Афғонистон дар соли 2023”табодули афкор анҷом доданд.