24 ноябр дар шаҳри Боку – пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон Саммити Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) баргузор гардид.
Дар кори Саммит Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғози суханронӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев барои дар сатҳи баланд доир намудани Саммит ва меҳмоннавозии гарм ибрози миннатдорӣ намуда, ҳамзамон Озарбойҷони бародарро бо мизбонии муваффақона дар СПЕКА муборакбод гуфтанд.
Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкории барои ҷонибҳо судманд дар чаҳорчӯби СПЕКА аҳамияти хосса медиҳад.
Дар робита ба ин иброз гардид, ки тақрибан 30 фоизи гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои аъзои СПЕКА рост меояд.
Бештари кишварҳои иштирокчии СПЕКА дар байни шарикони тиҷоративу иқтисодии ҷумҳурӣ мавқеи пешсафро ишғол намуда, гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои СПЕКА соли гузашта 24 дарсад афзоиш ёфтааст.
Иброз гардид, ки давлатҳои аъзои СПЕКА дорои захираҳои бузурги меҳнатӣ, табиӣ ва имконияти фарохи энергетикӣ, нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ мебошанд.
Сарвари давлат аз таъсиси Фонди трастии СПЕКА пазироӣ намуда, пешниҳод намуданд, ки солҳои оянда ба чунин самтҳои афзалиятнок, аз қабили содагардонии расмиёти савдо ва бартараф намудани монеаҳои сунъӣ, тавсеаи долонҳои гуногунвасилаи нақлиётию иқтисодӣ, рушди иқтисодиёти “сабз” ва рақамикунонӣ таваҷҷуҳ зоҳир шавад.
Дар робита ба ин, Тоҷикистон масъалаи таъсиси Котиботи СПЕКА-ро ҷонибдорӣ менамояд.
Гуфта шуд, ки дар солҳои охир дар Тоҷикистон ҷиҳати содагардонии расмиёти савдо якчанд ислоҳоти назаррас амалӣ шуд.
Имрӯз дар Портали савдои Тоҷикистон ним миллион истифодабаранда аз беш аз 100 кишвари ҷаҳон сабти ном шудаанд, ки аҳамияти онро бори дигар тасдиқ менамояд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи энергияи “сабз” ва умуман иқтисоди “сабз” ба дастовардҳои хуб ноил шудааст.
Дар айни замон 98 фоизи неруи барқи мамлакат дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мегардад ва Тоҷикистон аз ҷиҳати энергияи “сабз” дар ҷаҳон ҷои шашумро ишғол менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” барои солҳои 2023-2037 ният дорад иқтидори энергияи “сабз”-ро ба 10 ҳазор мегаватт расонад.
Бо назардошти ин, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки СПЕКА ҷиҳати таъмини рушди иқтисодӣ, ҳамгироии минтақавӣ, пешгирии таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба бахшҳои иқтисоди миллӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ба рушди энергияи “сабз” таваҷҷуҳи хосса зоҳир намояд.
Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарори Ҳукуматро дар бораи раёсати Тоҷикистон дар СПЕКА дар соли 2024 иттилоъ доданд. Дар доираи Консепсияи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи татбиқи он афзалият ба таҳкими натиҷаҳои мавҷуда ва таъмини дастовардҳои нав равона мешавад.
Баъди анҷоми нишаст сарони давлатҳои иштирокчии СПЕКА Эъломияи Бокуро қабул намуданд.