Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла натиҷаҳои сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Русия, таҷлили Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СПАД дар Минск, масъалаи сабти номи рамзи ИМЕЙ-и телефонҳои молибӣ, афзоиши туфонҳои чангу ғубор дар Осиёи Марказӣ ва дигар мавзуҳо матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 22 ноябр дар робита ба наҷтиаҳои сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Русия гузориши муфассал чоп кардааст. Аз ҷумла зикр мешавад, ки пас аз анҷоми музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Русия дар ҳузури сарони давлатҳо 8 санади нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, нақлиёт, гумрук, хадамоти иҷро, меҳнат ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва илму техника ба имзо расид.
Дар идома зикр мешавад, дар мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Михаил Мишустин сарвазири Русия таъкид шуд, ки дар соли 2022 ҳаҷми тиҷорати хориҷӣ миёни ду кишвар 1,7 млрд долларро ташкил дод ва ин нишондод нисбати соли пеш 24 дарсад бештар аст.
Инчунин дар доираи ин сафар дар Қасри Кремл маросими бо орден “Барои хизмат дар назди ватан” сарфароз гардонидани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сӯи Президенти Русия баргузор шуд.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 20 ноябр мақолае бо номи “Афсонаи ҳузнангез ва ҳақиқати гуворои «Роғун»” чоп кардааст. Муаллиф менависад, ки вақте мо мегӯем НБО «Роғун» бино ёфт, худ аз худ симои Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар ҷилвагар мешавад. Зеро агар обрӯву нуфузи байналмилалии Сарвари давлат ва азму иродаи қавии он кас намешуданд, бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» номумкин мегардид.
Ба навиштаи муаллиф, ба кор андохтани Неругоҳи барқи обии «Роғун» эҳтиёҷоти дохилии кишвари моро бо барқ пурра қонеъ ва истиқлоли энергетикии Тоҷикистонро таъмин шуда, имкон фароҳам мешавад, ки барқи зиёдатӣ ба хориҷа интиқол дода шавад. Яъне тавлидоти неруи барқ дар Тоҷикистон дар мавсими тирамоҳу зимистон 1,3 маротиба зиёд мегардад.
Илова бар ин ба гуфтаи муаллиф, тибқи лоиҳаи Роғун, 360 ҳазор гектар заминҳои навкорам кушода мешаванд ва таъминоти оби шабакаи обёрӣ дар ҳавзаи дарёи Ому ба масоҳати 4,3 млн. гектар афзоиш меёбад.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 22 ноябр матлабе бо номи “Электромобил. Камхарҷ, вале нархаш миёншикан” чоп карда, суду зиёни истифода аз мошинҳои барқӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ кардааст. Муаллиф дар ин замина менависад, ки то имрӯз ба Тоҷикистон дар маҷмуъ беш аз 1600 нақлиёти барқӣ ворид карда шудааст, ки беш аз 800 адади он танҳо ба нимсолаи аввали соли равон рост меояд.
Дар ин мақола ронадагони таксӣ аз камхарҷ будани мошинҳои барқӣ ситоиш карда, ҳамзамон гуфтаанд, аммо нархи ин гуна мошинҳо хеле баланд аст. Зикр мешавад, ки нархи мошинҳо барқӣ дар Тоҷикистон аз 200 ҳазор сомонӣ болост.
Дар баробари ин ба гуфтаи ронандагон яке аз мушкилоти дигар барои нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон кам будани нуқтаҳои барқгиранда ва марказҳои таъмири ин гуна мошинҳо аст. Гуфта мешавад, ки айни замон дар шаҳри Душанбе 55 нуқтаи нерӯгирӣ барои мошинҳои барқӣ мавҷуд буда, дар саросари кишвар бошад, бояд 169 нуқтаи нерӯдиҳанда насб шавад.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигари ин шумораи худ, мақолае бо номи “Фаррух Ҳасанов. Тоҷике, ки 100 ҳунарманди русро қоил кард, кист?” чоп кард. Нашрия менависад, овозхони ҷавони тоҷик Фаррух Ҳасанов ба даври финалии озмуни телевизионии “Ну-ка, все вместе!”, ки соли панҷум аст, дар шабакаи телевизионии “Россия 1” пахш мешавад, роҳ ёфт. Маҳорати овозхонии Фаррух Ҳасановро аз 100 узви ҳакамони ин озмун 97 нафар писандиданд.
Гуфта мешавад, ки Фаррух Ҳасанов бо иҷрои сурудҳои “Утром”, “Шейла”, “Лейли” ба забони русӣ ва таронаҳои тоҷикиаш “Резаборон”, “Телефон” ва “Модар” ба дили тамошобин роҳ ёфт. Соли гузашта Фаррух сазовори ҷоизаи озмуни миллии “Tarona Music Award” гардида буд.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 23 ноябр бо нашри матлабе масъалаи афзоиши туфонҳои чангу ғубор дар қаламрави Тоҷикистонро баррасӣ кардаст. Ба навиштаи муаллиф тайи сӣ соли охир туфонҳои чангу ғубор дар Тоҷикистон ба маротиб афзудааст.
Дар ин замина зикр мешавад, тибқи таҳлилҳои Агентии обу ҳавошиносии кишвар, тайи чор моҳи охир туфони чангу ғубор дар Тоҷикистон тақрибан баъди ҳар дувуним рӯз рух медод. Муаллиф таъкид мекунад, ки барои коҳиши туфони чангу ғубор дар фазои кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масоҳати минтақаҳои сабзи ҳифзшавандаро дар то ба 22 дарсади қаламарави умумии ҷумҳурӣ зиёд кард.
Ҳамзамон дар матлаби дигари ин нашрия дар робита ба ҳамин мавзуъ гуфта мешавад, ки тибқи таҳлилҳои СММ дар Осиёи Марказӣ беш аз 152 млн гектар замин ё худ 38,43 дарсади заминҳо дар минтақа таҳти таъсири хушксолӣ қарор доранд.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”