Бозии дуюми тими миллии Тоҷикистон дар марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо мунтахаби Покистон доир гардид.
Бозии дастаҳо дар шаҳри Исломободи Покистон баргузор гардида, бо ҳисоби калони 6:1 ба нафъи футболбозони Тоҷикистон хотима ёфт. Голҳоро дар ин бозӣ Амадони Камолов (дақиқаи 9), Рустам Соиров (дақиқаи 13), Парвизҷон Умарбоев (дақиқаи 26), Эҳсони Панҷшанбе (дақиқаи 45), Амадони Камолов (дақиқаи 65), Шаҳром Самиев (дақиқаи 90) ба самар расониданд. Голи ягонаи тими миллии Покистонро Рахис Наби дар дақиқаи 21-уми бозӣ ба самар расонид. Бояд гуфт, ки дар ин дидор ҷараёни бештари бозиро футболбозони мунтахаби Тоҷикистон идора карда, пай дар пай ба дарвозаи рақиб ҳамла карданд.
Ёдрас мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон бозии дигари худро бар муқобили тими милии Арабистони Сауди анҷом медиҳад. Бозии ин дастаҳо рӯзи 21-уми марти соли 2024 доир мегардад.
Бояд гуфт, ки дар марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар қораи Осиё 36 даста ширкат мекунанд. Дастаҳо аз 16-уми ноябри соли 2023 то 11-уми июни соли 2024 шаш бозӣ анҷом медиҳанд.