Санаи 09.11.2023 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа доир ба «Мушкилотҳо дар самти шуғли фосилавӣ ва ба расмиятдарории фаъолият дар низоми андозбандӣ» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди аврупо (ИА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидааст.
Ба иттилои сомонаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар кори ҷаласаи мазкур раванди фаъолият дар самти шуғли фосилавӣ ва воридшавии ҷавонони боистеъдод ба бозори меҳнат тавассути истифода аз платформаҳои рақамӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.