Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон идома дорад. Имрӯз санҷиши донишу малакаи донишҷӯёни колеҷу донишкадаҳо ва донишгоҳҳои кишвар то қисмати нисфирӯзӣ ба анҷом мерасад. Ҳамин тавр аз пагоҳ пурсиши иштирокчиёни касбу корашон гуногун шуруъ гардида, то 13 октябр идома меёбад.
Озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” дар баробари илму дониш ва ҷаҳонбинии маънавӣ бахшидан, инчунин барои ба ҳам овардан ва риштаи дӯстӣ пайдо кардани довталабон аз минтақаҳои гуногуни кишвар, шароити хубе фароҳам овард. Гулнамо Гулшодхонова донишҷӯи курси 4 –юми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи Давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев буда, соли дуюм аст, ки дар озмуни мазкур аз рӯи наминатсияи “Адабиёти классики тоҷик” иштирок менамояд. Ӯ зини суҳбат ба мо гуфт, ки мақсади асосиаш аз иштирокаш дар озмун, ин дар навбати аввал санҷидани дониши худ ва муваффақ гаштану номбардори донишгоҳ шудан мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи пешниҳоди Комиссияи озмун дар ҷараёни баргузории он шаффофият таъмин шуда, ҳакамон бояд аз рӯйи принсипи ягона ба иштирокчиён баҳо гузоранд. Ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур шуморида шудааст, ки ҷараёни даври чоруми озмун пурра ба навор гирифта шавад. Шукрона Тоҳирӣ донишҷӯи курси 3 – уми факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ буда, соли дуюм аст, ки дар озмун аз рӯйи наминатсияи “Адабиёти муосири тоҷик” иштирок менамояд. Ӯ зини суҳбат ба мо гуфт, ки тавассути озмун дӯстони зиёди китобхон пайдо кардааст, ки ин туҳфаи беҳтарин аст.
Бояд гуфт, ки имсол Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 3 895 000 (се миллиону ҳаштсаду наваду панҷ ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намудааст, ки ин ҳолат боиси руҳбаланд гардидани довталабони озмун гардидааст. Ҳамчунин имсол ҷиҳати ҳавасмандсозии шумораи зиёди иштрокчиёни миқдори ҷойҳои 3-юми ғолибони ҳамаи номинатсияҳо аз ду нафар ба се нафар расонида шуда, дар маҷмуъ ғолибони ҳар як номинатсия ба 6 адад расонида шуд.
Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҷойҳои ифтихорӣ барои ғолибони даври ҷумҳуриявӣ нисбат ба соли 2022 аз 95 ба 121 ҷой зиёд карда шуд. Ҳамзамон шумораи мукофотҳои пулӣ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври чоруми озмун ғолиби ҷойҳои 1, 2, 3 ва Шоҳҷоиза мегарданд, 15 адад зиёд гардида, то ба 61 адад расонида шуд.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон“