Баргузории Намоишгоҳи мошинҳои махсусгардонидаи Русия ва Тоҷикистон

Имрӯз дар Маҷмааи «Кохи Борбад» бо ҳамкории Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия Намоишгоҳи мошинҳои махсусгардонидаи Русия ва Тоҷикистон бо номи «Мошинҳои махсус-Тоҷикистон-2023» баргузор гардид.

Намоишгоҳро бо суханони  ифтитоҳӣ муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон  Зеваршо Тӯйғуншозода, раиси Палатаи савдову саноати Тоҷикистон, Ҷамшед Ҷумъахонзода, сардори Департаменти мошинсозии кишоварзӣ, сохтмонӣ ва роҳсозии Вазорати саноат ва савдои Россия Марина Елкина, намояндаи тиҷоратии Россия дар Тоҷикистон Евгений Ковенко оғоз намуданд. Зимни ифтитоҳи намоиш иброз гардид, ки  намоишгоҳи аввалин ду сол қабл баргузор гардида буд ва натиҷаҳои хуберо ба бор оварду тасмим гирифтанд, то дуюмин намоишгоҳро ташкил намоянд. Кайд карда шуд,  ки яке аз ҳадафҳои асосии намоишгоҳ ин муаррифии мошинҳои соҳавӣ буда,  барои ҳамкорӣ бо корхонаҳои истеҳсолии Россия имкони хубе мебошад, зеро мавқеи техникаву таҷҳизот дар бештар гардидани ҳосил дар соҳаи кишоварзӣ, беҳтар гардидани сифати роҳсозӣ ва сохтмони биноҳо назаррас мебошад.

Зимни сухбат бо яке аз ширкаткунандагони намоишгоҳ – муовини директори КВД «Тоҷикагролизинг» Ботурҷон Мӯминов  огаҳ шудем, ки барои дастрасии кишоварзон ба мошинолоти замонавӣ аз корхонаҳои гуногуни Федератсияи Россия техникаву таҷҳизот то ба имрӯз оварда шудааст. Бо вуҷуди ин талабот дар минтақаҳо ба мошину тракторҳои хурд барои коркарди ҷуякҳои байни дарахтон, коркарди зироат зиёд аст. Зеро  барои самаранок истифода бурдани вакт, ҳавои мусоид шароити техникӣ ҳатмӣ мебошад.

Дар доираи намоишгоҳ мизи мудаввар низ баргузор гардид, ки барои муколамаи рӯбарӯи соҳибкорони ҳарду кишвар имкони хубе буд. Дар анҷоми чорабинӣ  созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

                     Шоистаи Аҳмад

радиои “Тоҷикистон”