Имрӯз, 25-сентябр дар доираи рақобатҳои Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу-2022 аз намуди ҷудо, варзишгарони тоҷик тавонистанд натиҷаи назаррасро нишон диҳанд.
Ду паҳлавони шинохтаи тоҷик – Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода тавонистанд дар ин рӯзи рақобатҳо ба гирифтани медал мушарраф гарданд.
Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81кг дар Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу-2022 ҳунару маҳорати воло нишон дод ва таърихсозӣ карда аввалин ҷудокор дар таърихи ҷудои Тоҷикистон гардид, ки медали тиллоро ба даст овард.
Сомон дар даври аввал бо ду имтиёзи вазарӣ бар Муаяд Звайб аз Фаластин пирӯз шуда, ба даври 1/4 ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар даври 1/4 ниҳоӣ Сомон бо имтиёзи иппон бар Асад Масабирови қирғиз ғалаба карда, ба даври ниманиҳоии Бозиҳои Осиёи Ҳангжоу-2022 баромад.
Дар даври ниманиҳоӣ Сомон тавонист Абулайхан Жубаназари қазоқро бо имтиёзи вазарӣ шикаст дода, ба финал роҳ ёбад.
Дар рақобати финалӣ Сомон бо Ли Ҷунван аз Кореяи Ҷанубӣ рӯи татамӣ баромад ва бо як вазарӣ ғолиб гардида, медали тиллоро соҳиб шуд.
Беҳрӯз дар ин рӯзи рақобатҳо ҳунари воло нишон дод, лекин дар даври нимниҳоӣ аз ҷудокори ботаҷрибаи ҷопонӣ Соичи Ҳошимото шикаст хӯрд.
Дар рақобат барои медали биринҷии Бозиҳои Осиёӣ Ҳанжоу-2022 Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг) Кингдагаро аз Чин шикаст дод ва барандаи медали биринҷии Бозиҳои Осиёӣ Ҳанжоу-2022 гардид.