Имрӯз, 22-сентябр дар рӯзи аввали рақобатҳои Baku Grand Slam 2023 Тоҷикистонро ду варзишгар – Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60кг) ва Эмомалӣ Нуралӣ (-66кг) намояндагӣ карданд.
Паҳлавонони шӯҳратёри кишвар – Эмомалӣ Нуралӣ Дар вазни -66кг сабқатҳоро бо варзишгари Сербия Страҳинҷа Бунчич оғоз карда, бо ду имтиёзи вазарӣ ғолиб омад.
Дар даври дуюм Эмомалӣ бо ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ Важа Маргвелашвили сабқат намуд. Ҷудокори тоҷик дар ин сабқат тавонист ҳарифи гурҷиашро шикаст дода ба даври баъди роҳ ёбад.
Эмомалӣ Нуралӣ дар рақобати сеюмаш паҳлавон аз кишвари бетараф, ки (IJF)-ро намояндагӣ мекард, дар вақти тиллоӣ бо имтиёзи вазарӣ шикаст дода ба даври 1/4 финал баромад.
Дар даври 1/4 финал Эмомалӣ бо ҷудокори исроилӣ – Тал Фликер рӯи татамӣ баромад ва ӯро бо усули таслим кардан ноком карда ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт.
Барои роҳ ёфтан ба даври финали Эмомалӣ Нуралӣ бо ватандори ҷудо Такеши Такеокаи ҷопонӣ сабқат намуд ва дар вақти тиллоӣ шикаст хӯрд.
Ҳамин тавр ҷудокори тоҷик барои ба даст овардани медали биринҷӣ бо Давид Гарсияи испанӣ нерӯсанҷӣ намуд. Рақобати паҳлавонон дер давом накард, зеро паҳлавони испанӣ дар оғози рақобат бо як партофти иппон ғолиб гардид ва медали биринҷиро ба даст овард. Эмомалӣ Нуралӣ бошад ҷойи 5-умро касб кард.
Ҷудокори дигари тоҷик Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни -60кг бо ноиб Қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Рио де Жанейро Йелдос Сметов ба рақобатҳо пардохт ва дар вақти тиллоӣ шикаст хӯрда, аз идомаи сабқатҳо бенасиб монд.
Сорбон Амонуллозода