Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, ки санаи 20-уми сентябр тақрибан соати 1:45 дақиқа ба нуқтаи Маркази алоқаи хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд хабар расид, ки дар бинои Донишгоҳи давлатии ш. Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, ки воқеъ дар кӯчаи Шарқ 33 мебошад, сӯхтор сар задааст.
Гуфта мешавад, ҳангоми гирифтани хабар аз ҷониби кормандон 11 адад нақлиёти оташнишонӣ ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуд. Ҳангоми ба ҷои ҳодиса ҳозир шудани кормандон муайян гардид, ки сӯхтор дар бинои таълимии 5 дар масоҳати 400 метри мураббаъ сар задааст. Пас аз хомӯш намудани сӯхтор ҳангоми аз назаргузаронии ҷои ҳодиса аз рӯи характери паҳншавии сӯхтор муайян шуд, ки ин ҳодисаи нохуш қасдан содир шудааст.
Ба иттилои ВКД дар натиҷаи таҳқиқ ошкор гардид, ки ин кирдори ношоиста аз ҷониби шаҳрванд Ҳайдаров Абдусаттор Ғафурович, сокини ш. Хуҷанд ки соли таваллудаш 1967 мебошад, сар задааст. Айни ҳол дар ин хусус тафтишот идома дорад.