Бозии рӯз: Имрӯз дастаҳои «Истиқлол» ва «Ал-Дуҳайл» бо ҳам рақобат мекунанд

Имрӯз, 19-сентябр дар доираи бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ал-Дуҳайл»-и Қатар бо ҳам рақобат мекунанд.

Вохӯрии дастаҳо соати 21:00 (ба вақти маҳаллӣ) дар Варзишгоҳи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё-2023/24
Марҳилаи гурӯҳӣ
Даври 1-ум
«Истиқлол» – «Ал-Дуҳайл»
Соати 21:00