Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Машварати панҷуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод карданд, ки иттиҳодияи расонаҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад.
Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаи асосии ин ниҳод мубориза бо ахбори нодурусту бардурӯғ хоҳад буд. Гуфта шуд, ки тайи чанд вақти охир таваҷҷуҳи расонаҳо ба Осиёи Марказӣ афзудааст ва иттилои бардурӯғу иғвоангез бештар нашр мешавад.
Барои ин бояд Ассотсиатсияи расонаҳои Осиёи Марказӣ ташкил карда шавад ва танҳо иттилои дурусту санҷидашуда доир ба ҳаводису воқеоти Осиёи Марказӣ пахш гардад. Ҳамзамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи мазкур иттилоъ доданд, ки муомилоти молии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ 1,5-2 баробар афзоиш ёфтааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин таваҷҷӯҳ карда, афзуданд, ки саҳми кишварҳои минтақа дар ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷӣ дар охири соли гузашта ҳудуди 30 дарсадро ташкил додааст. Ғайр аз ин, ҷумҳуриҳо бояд дар соҳаи хоҷагии қишлоқ, саноат, таъминоти моддию техникӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав ҳамкориҳоро давом диҳанд.