Имрӯз дар муассисаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми роҳбарони ташкилоти кор бо ҷавонони Осиёи Миёна баргузор гардид.
Форуми мазкур бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи вохурии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ доир карда шуд, ки дар он рохбарони мақомоти кор бо ҷавонони кишварҳои Узбекистон, Қиргизистон, Қазокистон ва Туркманистон иштирок намуданд.
Нахуст кори форуми роҳбарони мақомоти кор бо ҷавонони Осиён Марказиро, раиси кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Абдулло Раҳмонзода оғоз намуда, онро василаи хуби табодули таҷриба ва тақвияти ҳамкориҳои бештар миёни кишварҳои минтақа унвон кард.
Абдулло Раҳмонзода ҳамчунин иброз дошт, ки дар доираи форум мушкилоти самти ҷавонон дар кишварҳои Осиёи Марказиро барасӣ намуда, роҳҳои ҳали онро нишон хоҳад дод. Иштирокдорон зимни суханрониҳои худ пеш аз ҳама минатдории бепоёни худро барои истиқболи гарму самимӣ ва ташкили сатҳи олии чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ изҳори миннатдорӣ намуданд. Ҳамчунин вобаста ба тақвияти фаъолият дар самти ҷавонон ва хадафмандии форуми мазкур ибрози назар намуда, ҳамзамон доир ба табодули таҷриба ва амалигардонии роҳу механизмҳои нави татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон сухан гуфтанд.
Муовини вазири фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон Арман Жулдибаев иброз намуд, ки имрӯз қадами дигари устувор дар самти ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷониба дар самти кор бо ҷавонон гузошта мешавад.
Намояндаи Ҷумхурии Узбекистон, муовини директори агентии кор бо ҷавонони ин кишвар Дилноза Катаханова низ аз хамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистону Узбекистон дар самти ҷавонон изҳори қаноатмандӣ намуда, форуми имрӯзаро барои тақвияти бештари робитаҳо на танҳо дар миёни ду давлат балки миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ имконияти хуб хонд.
Дар идомаи Форуми роҳбарони мақомоти кор бо ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчунин намояндагони кишварҳои Туркманистон ва Қиргизистон низ суханронӣ намуда, вобаста ба сиёсати ҷавонон дар ин кишварҳо ва хадафи иштироки худ дар форум андешаронӣ карданд.
Зикр карда шуд, ки Форуми мазкур ба пурзӯр намудани робитаҳои дӯстона ва фарҳанги байни ташкилоти кор бо ҷавонони Осиёи Марказӣ мусоидат хохад кард. Бояд гуфт ки бо ҷамбасти Форуми роҳбарони мақомоти кор бо ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ имзои созишномаи нави ҳамкорӣ низ дар назар дошта шудааст.
Иноятова Ширин,
радиои “Тоҷикистон”