Сабурзода Мирзодавлат: “Пас аз ду сол ноҳияи Қубодиёнро шинохта намешавад”

Корвони рӯзноманигорон ҷиҳати дидан кардан аз ёдгории таърихии “Тахти Сангин” ба ноҳияи Қубодиён ворид шуданд.

Тавре хабарнигори Радиои Тоҷикистон Парвина Самандарзода аз ҷараёни ин сафар иттилоъ медиҳад, нахуст рӯзноманигорон ба МИҲД – и ноҳияи Қубодиён ворид гардида, бо раиси ноҳияи Қубодиён Сабурзода Мирзодавлат мулоқот намуда, доир ба рафти корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Қубодиён маълумот гирифтанд. Гуфта шуд, ки ноҳияи Қубодиён айни ҳол дар тамоми соҳаҳо рӯ ба рушд ниҳодааст.

Ба таъкиди Сабурзода Мирзодавлат раиси ноҳияи Қубодиён то соли 2025 ноҳияи Қубодиён симояшро куллан тағйир хоҳад дод ва ба як ноҳияи муосир табдил мешавад.

Самандарзода П.