Бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ 28 август таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ, намояндагони дигар вазорату идораҳои марбута шомил мебошанд. Ҳайати гурӯҳ ба маҳали ҳодисаи фавқулода-ҷамоатҳои деҳоти шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Варзоб рафта, зарари хисороти расидаро муайян менамояд. Дар ин хусус ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Аз ҷумла, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, директори Агентии мелиоратсия ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар намояндагони сохтору идораҳои марбута барои бартараф намудани офатҳои табиӣ ба ҷойҳои ҳодиса рафтанд.
Инчунин аъзои Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо оид ба ҳолатҳои фавқулода якҷоя бо мутахассисони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расонидани ёрӣ ба зарардидагон хона ба хона гашта, зарари аз хисорот расидаро муайян менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки 27 август бар асари боронҳои шадид дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Деваштич, Рашт, Сангвор ва Тоҷикобод сел, санг ва ярч фаромад, ки ба хонаю замини сокинон хисороти ҷонию молӣ расонид.