Тими олимпии Тоҷикистон (U-23) ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 омодагиҳоро оғоз намуд

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар шаҳри Душанбе ҷамъомади таълимиву тамринро ҷиҳати иштирок ба мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2024 оғоз кард.

Сармураббии тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон Мубин Эргашев, ба ҷамъомади тамринӣ 27-бозингар – 3-дарвозабон, 10-ҳимоятгар, 11-нимҳимоятгар ва 3-ҳамлагарро даъват кардааст.

Ба сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2024 23-бозингар интихоб карда мешавад.

Бояд қайд намоем, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи «I» рақобат мекунад.

Рақибони дастаи олимпии кишвар дастаҳои Лаос (9-сентябрь) ва Австралия (12-сентябрь) ба ҳисоб меравад. Бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.