Имрӯз дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Давлати Фаластин Риёз Ал-Моликиро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар оғози мулоқот Президенти мамлакат ташрифи Риёз Ал-Моликиро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, дар робита ба ифтитоҳи расмии Сафорати Давлати Фаластин дар Душанбе табрику муборакбодӣ намуданд. Зимнан, таъкид гардид, ки ин иқдом ба рушду тавсеаи муносиботи ҳасанаи ҷонибҳо дар соҳаҳои мухталиф мусоидати муассир хоҳад кард.
Дар ҷараёни суҳбат маҷмӯи масоили ҳамкории Тоҷикистону Фаластин баррасӣ гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонибдорӣ аз густариши минбаъдаи робитаҳои дуҷониба аҳаммияти таҳкиму такмили заминаи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои ҳамкории ду кишварро дар арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо таъкид карданд. Ҳамзамон бо ин, тавсеаи тамосҳои корӣ байни вазорату ниҳодҳои марбутаи ду кишвар ба манфиати кор дониста шуд. Самтҳои гуногуни иқтисодиву тиҷоратӣ, ҳамчунин соҳаҳои фарҳанг, илму техника, маориф ва тиб аз ҷумлаи самтҳои ояндадори ҳамкорӣ арзёбӣ гардиданд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
Дар фарҷом Пешвои миллат бо ибрози қаноатмандӣ аз суҳбат ба мардуми бародари Фаластин сулҳу субот ва пешрафту шукуфоӣ орзу намуданд.