Санаи 14 августи соли 2023 бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ ва соҳибистиқлолӣ мардуми сарбаланди ноҳияи Мурғоб зерии сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳиди боз як воқеаи таърихӣ – ифтитоҳи майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия Мурғоб гардиданд.
Дар ифтитоҳи ин чорабинӣ роҳбари гуруҳи кории Ҳукуматӣ сарпарасти ноҳияи Мурғоб Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон, раиси ноҳияи Мурғоб Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо, сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Назаралиев Мулкамон ширкат варзиданд.
Майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баландии 3669 метр аз сатҳи баҳр мувофиқ ба талаботи қоидаҳои сохтмонӣ ва меъмории муосир дар маркази ноҳия сохта ба истифода дода шуд. Баландии Нишони давлатӣ 22 метр ва баландии Парчами давлатӣ 35 метр мебошад.
Ҳамзамон, аз тарафи хонандагон суруди миллӣ бо овози зинда таҳти мусиқии оркестрии асбобҳои нафасӣ садо дод.
Баъди ифтитоҳи майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо раиси ноҳияи Мурғоб оиди эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчам ва Нишони давлатӣ маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз он, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад, баромад намуданд. Қайд намуданд, ки маҳз таҳти сояи ин Парчам ва дастгириҳои пайвастаи оқилонаву ватанпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шарофати сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияамон раванди корҳои ободониву созангдагӣ торафт вусъат пайдо намуданд, ибрози назар карданд. Сипас Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон низ баромад намуда, кулли сокинони ноҳияро бо рӯзи ифтитоҳи ин майдони муқаддас ва барафрохтани Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қалби ҳар як фарди бонангу номус маъво дошта ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастоавардҳои он ҳидоят менамояд, самимона табрик гуфта, барояшон саломативу хушбахтӣ ва сарбаландиву хонаободӣ орзу намуданд.
Баъдан ҳайати расмӣ ба тарафи маркази офиятбахшӣ ва парваришгоҳи бабри барфӣ расипор гардида, аз тарафи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси ноҳияи Мурғоб мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар даромадгоҳи маркази офиятбахшӣ ва парваришгоҳи бабри барфӣ намоиши дастовардҳои соҳаи сайёҳии ноҳия ва корвони ҳайвонот, ки аз ҳисоби қутос, аспҳо, шутурҳо ташкил карда шудаанд, дидан намуданд.
Мавриди зикр аст, ки бо ба истифода додани ду иншооти наву замонавӣ дар маркази ноҳияи Мурғоб “Боғи фарҳангию фароғатии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва раиси ноҳияи Мурғоб Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо расман ифтитоҳ гардид. Нахуст дар даромадгоҳи ноҳия меҳмононро бо садои дафу доира пешвоз гирифтанд. Меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумии сокинони ноҳия дар стендҳо, намоиши таомҳои миллӣ, маҳсулоти қаннодӣ ва маҳсулоти аз гушту шир таёркардашуда, майдонҳои варзишӣ (волейбол ва баскетбол), майдончаи бозии кудакона дидан намуданд.
Раиси ноҳияи Мурғоб вобаста ба заҳмату талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки сол то сол симои зоҳирии ноҳияи Мурғоб ободу зебо гардида, иншоотҳои наву замонавӣ дар ноҳия мавриди истифода қарор гирифта, сатҳи зиндагӣ ва шароиту рӯзгори мардум бомаротиб беҳтар шуда истодааст, баромад намуданд.
Қайд карданд, ки бо ташаббуси бевоситаи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Мурғоб сохтмони Даромадгоҳи ноҳия бо муҷассамаи ҳайвоноти нодир ба истифода дода шуда, майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази офиятбахшӣ ва парваришгоҳи бабри барфӣ, Боғи фарҳангию фароғатии 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ҷалби меҳмонони дохиливу хориҷӣ саҳми босазо мегузорад, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Дар фарҷоми сухан ба Раиси Кумита муҳтарам Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон барои дастгириҳо таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фатҳи қуллаҳои нави сиёсиву давлатдориро таманно намуданд.
Чорабинии мазкур бо барномаи фарҳангии ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳияи Мурғоб ба анҷом расид.