Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои кишварҳои ИДМ 13-медал ба даст оварданд

Аз 4-ум то 14-уми августи соли равон дар 11-шаҳри Беларусия 2-юмин Бозиҳои кишварҳои узви ИДМ баргузор гардид. Дар мусобиқа 2200-варзишвар аз 22-кишвар иштирок намуданд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 132-варзишгар аз 13-намуди варзиш муаррифӣ карданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 2-юмин Бозиҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил миёни 22-кишвари иштирокчӣ, бо касби 13-медал (1-тилло, 3-нуқра, 9-биринҷӣ) дар ҷойи 8-ум қарор гирифт.

Ягона медали тиллоро аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа — муштзани ҷавони тоҷик Меҳроҷ Суфиҷонов дар вазни -48кг ба даст овард. Муштазани тоҷик дар марҳилаи ниҳоӣ варзишгари қирғиз Зафарбек Комиловро мағлуб кард. Ҳамчунин Анӯшервон Фозилов, муштзани дигари тоҷик дар вазни -51кг барандаи медали нуқра гардид.

Қабл аз ин варзишгарон аз тими мунтахаби Тоҷикистон Ҳангома Исоева миёни духтарон дар вазни -57кг, миёни писарон Бузургмеҳр Иксанов (-54кг), Рустамҷон Ашӯров (-67кг), Акмалҷон Абдувалиев (-86кг) ва Руслан Федорин (-92кг) сазовори медали биринҷӣ шуда буданд.

Дар баробари ин ҷудокори тоҷик Лоиқ Қутбиддинов дар вазни -55кг медали нуқра дарёфт карда, Мадина Қурбонзода дар вазни -48кг мақоми сеюмро касб кард.

Дар сабқатҳо оид ба гӯштини тарзи озод Мустафо Аҳмадов дар вазни -70кг ва Сомонҷон Икромов дар вазни -79кг медали биринҷиро ба даст оварданд. Як медали биринҷии дигарро барои мунтахаби Тоҷикистон Асламҷон Азизов аз риштаи гӯштини юнони римӣ дар вазни -60кг соҳиб шуд.

Дар рӯзи охири мусобиқа варзишгари тоҷик Деваштич Убайдӣ барандаи медали нуқра аз риштаи самбо шуд. Деваштич дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа бо сабаби шикастани қабурғааш натавонист барои медали тилло мубориза барад. Ин сеюмин медали нуқраи Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур ба ҳисоб меравад.

Дар маросими анҷоми мусобиқа Беларусия эстафетаи Бозиҳои кишварҳои узви ИДМ-ро ба Озарбойҷон супорид. Ҳамин тариқ 3-юмин бозиҳои ИДМ соли 2025 дар шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон баргузор мешавад.