Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин рӯйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла рушди назарраси соҳаи саноат дар кишвар, зарурати рушди сайёҳати дохилӣ дар Тоҷикистон, оғози аттестатсияи кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ, афзоиши воридоти мошинҳои барқӣ ба кишвар ва талоши раҳбарияти “Тоҷик Эйр” барои азсаргирии парвозҳо маводи хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 31 июл мақолае бо номи “Саноатикунонии босуръат – асоси пешрафти инноватсионии иқтисод” чоп карда, менависад, ки бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2022 – 2026-ро Солҳои рушди саноат эълон доштанд.
Дар натиҷа, агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошт, пас дар замони соҳибистиқлолӣ ин нишондиҳанда ба 2800 корхонаи саноатӣ бо 85 ҳазор ҷойи корӣ расид.
Ҳамзамон ба навиштаи муаллиф, ҳадафи асосии саноатикунонии босуръати кишвар ташаккул додани саноати миллии рушдёфтаву рақобатпазир ва дар асоси он ба сатҳу сифати нав баровардани иқтисоди миллӣ ва беҳзистии шаҳрвандон мебошад.
Илова бар ин, андешидани тадбирҳо дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, инчунин, омода намудани мутахассисони соҳавӣ, таъмини ҳамгироии илм ва истеҳсолот ва тақвияти иқтидори технологии соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз ҷониби коршиносону мутахассисони соҳа муҳим арзёбӣ мегарданд.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 2 август бо нашри мақолае масъалаи аҳамияти рушди сайёҳии дохилӣ барои иқтисодро матраҳ кардааст.
Ба навиштаи муаллиф, тибқи иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ шумораи сайёҳони дохилӣ дар кишвар сол ба сол афзуда, агар соли 2021 теъдоди сайёҳон наздики 278 ҳазор нафарро ташкил дода бошад, пас соли 2022 ин нишондиҳанда ба беш аз 324 ҳазор нафар расид.
Ҳамзамон ба таъкиди муаллиф, дар ин бахш камбудиҳо низ мавҷуд аст. Аз ҷумла ба сатҳи муносиб роҳандозӣ нагардидани хизматрасонӣ аз ҷониби ширкатҳои сайёҳӣ, ба талаботҳои беҳдоштӣ мувофиқ набудани баъзе мавзеъҳои сайёҳӣ, набудан ё таъмирталаб будани роҳҳо ба баъзе ёдгориву маконҳои маъруфи сайёҳӣ, номувофиқатии нархҳои меҳмонхонаву ошхонаву осоишгоҳҳо бо сатҳу сифати хизматрасонии пешниҳодшаванда, маълумотнокии ками шаҳрвандон аз мавзеъҳои гуногуни сайёҳӣ аз ҷумлаи мушкилоти соҳа мебошанд, ки бояд ҳал шаванд.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 2 август масъалаи санҷиши тахассусӣ ё худ аттестатсияи кормандони Бозрасии давлатии автомобилиро дар сӯҳбат бо раҳбари тозатаъйини ин ниҳод генерал – майори милитсия Рустам Мирзомуродзода матраҳ кардааст.
Рустам Мирзомуродзода зимни сӯҳбат ба ин нашрия гуфт, ки аз рӯзи 25 июли соли равон аттестатсияи кормандон дар Раёсати Бозрасии Давлатии Автомобилӣ шурӯъ шуд ва минбаъд он дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва маркази вилоятҳои кишвар идома хоҳад ёфт.
Ба гуфтаи генерал Мирзомуродзода, азбаски аттестатсияи навбатӣ бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад, талабот бениҳоят ҷиддӣ буда, донишу малакаи касбии кормандон, донистани қарору қонунҳои амалкунандаи кишвар, огоҳии сиёсӣ, одоби муошират, садоқат ба арзишҳои миллию давлатӣ баҳогузорӣ хоҳад шуд. Ба гуфтаи вай мутаассифона, таҳлили рӯзҳои аввали аттестатсия аз он шаҳодат медиҳад, ки дар байни кормандони БДА ашхоси тасодуфӣ низ ҳастанд.
Рустам Мирзомуродзода аз овардани далелҳои мушаххас оид ба натиҷаи рӯзҳои аввали аттестатсияи кормандони Бозрасии Давлатии автомобилӣ худдорӣ намуда, гуфт, ки баъд аз анҷоми он маълумоти муфассал пешниҳод хоҳад шуд.
Нашрияи “Садои мардум” дар ин шумораи хеш мақолае бо номи “Рашт: Осорхона кай соҳиби бино мегардад?” чоп карда, менависад, ки бетафовутӣ ба ёдгориҳои таърихӣ омили аз байн рафтани саҳифаҳои зиёди таърихи миллат мегардад. Ба навиштаи муаллиф чунин масъала дар ноҳияҳои водии Рашт ба чашм мерасад.
Ҳабибулло Олимов раҳбари Осорхонаи бахши фарҳанги ноҳия ба ин нашрия гуфт, ки Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳияи Рашт дар ҳуҷраи кории бахши фарҳанг ҷойгир буда, дар он 520 нигора аз асрҳои пеш аз мелод то ба имрӯз нигоҳдорӣ мешаванд. Тибқи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», дар маркази ноҳия сохтмони бинои нави осорхона ба нақша гирифта шуд, аммо он то ба имрӯз сохта нашудааст.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 2 август дар сармақолаи худ ин саволро матраҳ кардааст, ки чаро бо вуҷуди афзоиши таксиҳои барқӣ дар пойтахт, нархи хизматрасонӣ коҳиш наёфт. Муаллиф ёдовар мешавад, ки танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба кишвар 800 мошини барқӣ ворид гардида, мумоари умумии онҳо ба 1600 адад расид. Аммо муаллиф таъкид мекунад, ки нархи хизматрасонии таксиҳои барқӣ бо нархи мошинҳои бо сухти нафтӣ ҳаракаткунанда баробар аст.
Ба гуфтаи муаллиф барои мисол як мошини барқии дорои батареяҳои 47 килловата метавонад дар бори неру гирифтан 410 км-ро тай кунад. Мошини мазкурро ҳатто метавон дар хона неру дод ва ин ҳамагӣ 10 сомонӣ харҷ дорад. Яъне бо харҷи 10 сомонӣ метавон аз Душанбе то Хуҷанду Исфара сафар кард.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 3 август мусоҳиба бо Парвиз Шодмонзода раҳбари ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр”- ро нашр кард, ки дар он масъалаи азсаргирии паврози ҳавопаймоҳҳои ин ширкат матраҳ шудааст. Дар оғоз Парвиз Шодмонзода таъкид кардааст, ки раҳбарияти ширкат пеш аз ҳама дар пайи ҳалли қарзҳои “Тоҷик Эйр” ҳаст, ки айни замон 23 млн доллар қарзи хориҷӣ ва 62 млн сомонӣ қарзи дохилӣ дорад.
Дар идома вай таъкид кардааст, ки аллакай ду ҳавопаймо бо навиштаҷоти ширкати “Тоҷик Эйр” омода шуда, дар Туркия қарор доранд ва то моҳи сентябр ин ширкат парвозҳоро шуруъ хоҳад кард. Раҳбари “Тоҷик Эйр” афзудааст, ки ин ширкат омодааст дар 30 хатсайри хориҷӣ парвозҳоро аз сар гирифта, дар як моҳ то 200 парвоз анҷом диҳад.
Парвиз Шодмонзода барои мисол гуфтааст, ки ширктаҳои ҳавопаймоии Русия дар як моҳ ба Тоҷикистон 800 парвоз дорад, аммо ширкати “Сомон Эйр” ҳамагӣ 100 парвоз дар моҳ анҷом медиҳад, яъне дар ин ҳолат усули баробарӣ дар парвозҳо миёни ду кишвар риоят намешавад.
Дар ҳоле ки ба гуфтаи вай ҳамин нукта дар созишномаи байнидавлатӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ махсус зикр шудааст. Бо назардошти ин ширкатҳои ҳавопаймоии ватании “Тоҷик эйр” ва “Сомон Эйр” бояд дар якҷоягӣ барои ҳифзи бозори парвозҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон талош кунанд, хулоса кардааст раҳбари ширкати “Тоҷик Эйр”.
Ҳафтаномаи “Ҷаҳони паём” дар шумораи рӯзи 2 август хабар дод, ки ахиран телевизиони Кӯлоб ба пахши рақамии барномаҳои худ дар формати HD оғоз кард.
Дар ин маросим Нуриддин Саид Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлаталӣ Саид раиси вилояти Хатлон ва Назарзода Бахтиёр раиси шаҳри Кӯлоб иштирок доштанд.
Дар ин замина зикр мешавад, ки теъдоди кормандони телевизиони Кӯлоб соли 1992 замони таъсисёбӣ ба 8 нафар мерасид ва айни замон бошад имрӯз шумораи онҳо ба 70 нафар мерасад. Ҳудуди шабонарӯзии пахши барномаҳои телевизион аз аввали соли 2014 тавассути таҷҳизоти рақамӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб ба 16 соат мерасад. Дар баробари ин айни замон 18 соат барномаҳои телевизиони Кӯлоб тавассути моҳвора пахш мегардад.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”