Нархи хизматрасонҳои тиббиву таълимӣ соли равон дар ҷумҳурӣ бетағйир мемонанд. Дар ин бора зимни баргузории нишасти хабарии Хадасоти зиддиинҳисорӣ таъкид гардид.
Доир ба нархи сузишворӣ, махсусан газ ҳам тафсилот дода шуд. Масъулин таъкид доштанд, ки нарх баръакс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,8 фоиз коҳиш ёфта, ин маҳсулот асосан аз Ҷумҳурии Қазокистон 73, 47 фоиз, Федератсияи Россия 24,67 фоиз ва 1,86 аз Ҷумҳурии Узбекистон ворид мешавад.
Оид ба нархи маҳсулоти кишоварзӣ низ таъкид карда шуд, ки ҳарчанд истеҳсоли ин номгӯйи маҳсулот зиёд шудааст, аммо дар баробари ин талабот ба маҳсулот зиёд афзудаастт. То ба имруз 19 номгӯйи маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳимро Хадамот назорат мекунад.