Тоҷикистону Узбекистон ҷамъияти саҳомиеро бо мақсади татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ таъсис доданд

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар қайд намуд, ки Вазорат бо шарикони ӯзбекии худ ҷамъияти саҳомии кушодаеро бо номи “ТаОз – гидро” ташкил намудааст, ки ҳадафи ин ҷамъият сохтани силсилаи неругоҳҳои барқӣ дар дарёи Зарафшон мебошад.

Дар ин бора имрӯз дар нишасти матуботии Вазорати энергетика ва захираҳои об хабар дода гуфт, ки ӯ дар ин масъала корҳои таҳқиқотӣ – саҳроӣ ҷараён доранд ва то охири моҳи оянда ин марҳилаи кор анҷом хоҳад ёфт. Вобаста ба маблағи ҷамъшудаи сохтмон ва муҳтали сохта шудани нерӯъгоҳҳо дар нишасти ояндаи вазорат иттилоъ хоҳанд дод.

Ҳамчунин Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар имрӯз зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки 97 фоизи иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон дар дарёи Вахш қарор доранд ва ба ин хотир Вазорат нақша дорад, ки ба сохтмони неругоҳҳои хурду миёна дар ин дарё шуруъ намояд.
Дар идомаи нишаст Далер Ҷумъа вазири энергетика ва захираҳои об баён намуд, ки бо роҳандозӣ гардидани пардохтҳои ғақринақдӣ дар баъзе самтҳо шумораи коргарони вазорат кам гардиданашон мумкин аст, вале бо татбиқи лоиҳаҳо, зиёд намудани базаи муштариён инчунин васеъ намудани иқтидорҳо, аз ҷумла тавлид, интиқол ва тақсимоти барқ ҷойҳои нави корӣ ташкил карда мешаванд ва коргарон аз нав бо кор таъмин мегарданд.

Айни замон дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳуриии Тоҷикистон ба истиснои НБО “Роғун”, 18 лоиҳаи сармоягузорӣ бо маблағи якуним миллиард доллари амрикоӣ баррасӣ шуда истодаанд, гуфт Далер Ҷумъа дар идомаи нишасти хабарӣ. Ба таъкиди ӯ Вазорати энергетика ва захираҳои об дар се самт фаъолият дорад, ки инҳо сохтмони нерӯъгоҳҳои барқии обии нав, таҷдиди НБО Норак ва таҷдиди НБО Қайроқум мебошанд.

Ҳамчунин дар нишасти хабарии Вазорати энергетика ва захираҳои об гуфта шуд, ки Тоҷикистон давоми нимсолаи аввали соли равон беш аз 10,7 млрд кВт соат нерӯи барқ тавлид шудааст, ки ин нишондод дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта наздики 210 млн кВт/соат ё беш аз 3% зиёд мебошад. Илова бар ин ҷамъоварии ҳаққи нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ беҳбуд ёфтааст. Аз ҷумла давоми нимсола беш аз 2,25 млрд сомонӣ ҷамъоварӣ гардидаст, ки нисбати нишондоди ҳамин давраи соли гузашта 434 млн сомонӣ ва ё 23,8% зиёд мебошад. Таъкид гардид, ки ҷамъоварии маблағ аз ҳисоби аҳолӣ ба 86,6% баробар шуда, ба 825 млн сомонӣ расидааст. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 153 млн сомонӣ ё 22% зиёд мебошад.

Сарвинози Сайдалӣ,

радиои “Тоҷикистон