Яке аз мубоҳисон бо тамошои ин навор дар қисмати шарҳи он навиштааст: «Аллакай бори дуввум аст, ки дар ин мавзӯъ менависам.
Чаро касе кори бад кунад, ӯро «қишлоқӣ» мегӯянд? Оё аз нигоҳи инҳо мардуми деҳа аз фарҳангу маданият дар фосила қарор доранд, ки ҳар авбошу роҳзанро бо ин ном садо мекунанд? «Қишлоқиҳои аз кўҳ хамидагӣ», «қишлоқиҳои нодида» аз зумраи он ибораҳоеанд, ки аз забони бархе ҷавонони муқими шаҳр шунида мешавад ва дер боз маро нигарон кардааст.
Ба бовари Муҳсинҷон Муҳаммадӣ, мақомоти корҳои дохилӣ ҳатман ҷавонони дар ин наворбударо, ки чунин суханони таҳқиромезро нисбати мардуми деҳот раво дидаанд, дастгир намуда, барои маҳалгароияшон ба ҷавобгарӣ хоҳанд кашид.
Шуҳрат Ҳотамов, як истифодабаранда иброз намудааст, ки: «Бадеҳист, одам бомаданият ва ё бемаданият мешавад, вале қатъан мегўям, ки ин ба макони зист ягон иртибот надорад»
Акмал Искандаров, ки дар баҳси мазкур аз рустоӣ будани худ дарак додааст, навиштааст: «Ман дар деҳа зиндагӣ мекунам ва ифтихор дорам, ки рустоиям! Муҳим одобу ахлоқи ҳамида ва фарҳанги волои муошират аст, ки онро дорам. Аз масъалаи ба баҳс гузошташуда хеле нигаронам. Бояд ин ҷавонони каммоя бо чунин навъи пиндорашон сарзаниш ёбанд!»
«Гузаштагони аксари сокинони шаҳр аз деҳотанд…» – нигоштааст Озода Бобоева, як бонуи корбар ва илова намудааст: «…бо зиндагӣ ихтиёр намудан дар фазои шаҳр набояд ҳаммеҳанони деҳотии худро тамасхур кард! Мутаассфиона, ин масъала на танҳо дар Тоҷикистон, ки дар бисёре аз кишварҳои дигар низ ба мушоҳида мерасад. Аммо воқеият ин аст, ки сокинони русто ҳамеша меҳрубону меҳмоннавоз ва меҳнатдўстанд. Аксари соҳибистеъдодҳо аз деҳа ба вуҷуд меоянд. Агар ба таърих назар афканем, дар ҳама давру замон мардуми русто боиси ифтихори мо будаанд»
Симина Назриева, яке аз иштирокдорон, мавқеи мухолиф доштани худро дар корбурди ин вожа бо ҳадафи таънаву маломат баён намуда, зимнан ин нуктаро баён доштааст: «…вале факт ин аст, ки дар воқеъ қисме аз мардуме, ки дар чанд соли охир аз деҳа ба шаҳр омадаанд, чандон маданияти баланди шаҳрнишинӣ надоранд. Қонуну қоидаҳои дар шаҳр зистанро кам андар кам риоя мекунанд!»
Дар посух ба ин бонуи корбар, Исматулло Абдуллоев навиштааст: «Фаромўш накунед, ки фарҳанги деҳнишинӣ ҳам вуҷуд дорад. Ман боварӣ дорам, ки сокини шаҳр низ дар ин рўзҳо агар ба деҳа ояд, ба зудӣ дар муҳити деҳ мутобиқ намешавад. Ва ба ин бовар ҳам ҳастам, ки ҳеҷ як деҳотӣ ўро бо надонистани корҳои кишоварзӣ тамасхур намекунад ва беҳунару ноуҳдабаро намегўяд»
Ин гуфтаҳоро Симина Назриева тасдиқ намуда, дубора навиштааст: «Корбурди монанд ба ҳамин гуна калима дар забони мардумони кишварҳои дигар ҳам ҳаст. Масалан, мардуми рус «панаехали», «колхозники» ва ѓайраро истифода мекунанд. Шояд дар оянда ин аз байн равад»
«Аслан шахсе, ки бо мақсади маҳалгароӣ вожаҳое назири «шаҳрӣ» ва «деҳотӣ»-ро ба кор мебарад, худаш аз тарбия ва саводи кофӣ бархурдор нест!» – навиштааст Субҳонқул Усмонов. «Ҳамаамон дар миёни чор девор зиндагӣ мекунем ва фарқ байни деҳаву шаҳр дар он аст, ки фазои шаҳр аз дуди мошин ва заводу фабрикаҳо ѓуборолуд аст, вале ҳавои деҳа тозаву беолоиш аст»
Дар хотимаи баҳси мазкур, Шуҳрат Ҳотамов хитоб ба мубоҳисон гуфтааст: «Сарфи назар аз шаҳрӣ ва ё деҳотӣ будан мо шаҳрванди Тоҷикистони азизем! Моро лозим аст, ки аз унсурҳои маҳалгароӣ ҷомеаи худро ҳамеша тоза нигаҳ бидорем ва дар фазои ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ҳаёт ба сар барем!»
Дилшоди Муҳаммад
радиои “Тоҷикистон”