Равзанаи ягонаи барасмиётдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ расман ба кор оғоз кард

Рӯзи 1 сентябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе маросими оғози расмии ҷорисозии Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ифтитоҳ гардида, роҳбарони вазорату идораҳои ба Равзанаи ягона шомилшаванда, намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд иштирок карданд.

Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар медиҳад.  Гуфта мешавад, ки мақомоти давлатӣ муваззаф шудаанд, ки ҷиҳати суръат бахшидани раванди ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар фаъолияти касбӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба такмили фаъолияти мақомоти наздисарҳадӣ» барои амалӣ намудани Равзанаи ягона равона гардида, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчун агентии иҷроияи лоиҳаи мазкур ба ҳисоб рафта, раисии Кумитаи роҳбарикунандаи онро ба уҳда дорад.

Инчунин аз ҷониби Вазорати рушди иқисод ва савдо барои дар амал татбиқ гардидани Равзанаи ягона  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» таҳия ва бо қарори дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсиб расида, бастаи 14 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар дар мувофиқаи вазорату идораҳо мебошанд, ки рӯзҳои наздик барои баррасӣ ва қабул ба Ҳукумати кишвар пешниҳод мегарданд.

Равзанаи ягона барои рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла содагардонии расмиёти савдо, кам намудани вақт ва хароҷоти субъектҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, зиёд намудани гардиши савдои хориҷӣ ва даромади иловагӣ ба буҷет нақши муҳим хоҳад бозид.

Қайд гардид, ки Равзанаи ягона бо дастгирии молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар доираи лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба такмили фаъолияти мақомоти наздисарҳадӣ» амалӣ гардида, таҷрибаи нахустин дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон дар муҳокимаҳои чорабинии мазкур намояндаи Бонки Осиёии Рушд ва ширкати пудратии лоиҳаи қайдгардида тариқи видеоӣ сухан намуданд.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *