«Шахтаи Фон-Яғноб» 5400 тонна ангишт барзиёд истихроҷ кард. Оё воридоти он камтар мешавад?

Корхонаи фаръии «Шахтаи Фон-Яғноб» истихроҷи ангиштро ба 545 ҳазор тонна расонид, ки нисбати нақшаи пешбинигардида 5400 тонна зиёд мебошад. Ин нукта дар ҷамъомади роҳбарияти ноҳияи Айнӣ, муовини вазири саноат ва телнологияҳои нав , муовини якуми раиси вилояти Суғд, директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Ангишти Тоҷик» ва кормандони соҳаи ангишт дар ноҳияи Айнӣ  дар Корхонаи фаръии «Шахтаи Фон-Яғноб»  зикр шуд.

Меҳмонон ҳамзамон аз сехи дӯзандагӣ ва маҷмааи варзишӣ дидан намуданд. Бояд гуфт, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи роҳбарияти корхонаи фаръии «Шахтаи Фон-Яғноб» як коргоҳи дӯзандагӣ, толори варзишӣ ва майдончаи фароғатӣ бо 20 ҷойи нави корӣ ташкил карда шуд, ки дар арафаи Иди касбии ангиштканон мавриди истифода қарор дода шуд. Иншооти мазкур ба тарзи замонавӣ сохта шуда, сехи дӯзандагӣ ва маҷмааи варзишӣ бо таҷҳизоти нави замонавӣ таъмин карда шудааст.

Ангишт дар соҳаи саноат ва гармӣ барои хонаводаҳои кишвар дар фасли сармо нақши муҳим дошта, ҳамсола истихроҷи он дар саросари кишвар  меафзояд. Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар 29 соли Истиқлолияти давлатӣ зиёда аз 12 млн тонна ангишт истихроҷ карда шуда, дар натиҷаи амалигардонии иқдомҳои пешгирифта дар самти ташкили иқтидорҳои нав ва афзун намудани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ дар соҳаи ангишт, истихроҷи ангишт аз 309 ҳазор тоннаи  соли 1991 ба 2 млн 28 ҳазор тонна дар соли 2019 расонида шуд, ки ин нишондиҳанда дастоварди баландтарин дар давраи истиқлолияти кишвар ва таърихи саноати ангишти мамлакат мебошад.

Истихроҷи ангишт дар ҳафт моҳи соли равон аз ҷониби 8 корхона дар 6 кон ба роҳ монда шуда, ҳаҷми он ба  969,3 ҳазор тонна расонида шуд, ки ин аз нақшаи пешбинишуда 32,3  ҳазор тонна (103,5%) ва нисбат бақамин давраи соли сипаригардида 10,1 ҳазор тонна (101,1%) барзиёд таъмин карда шуд. Истихроҷи ангишт аз аввали сол то 25 августи соли равон бошад ба 1 млн 164қазор тонна  расонида шуда, ҳар шабонарўз аз 8 то 11 ҳазор тонна истихроҷ мегардад. Гуфта мешавад, ки дар ноил шудан ба ин дастовардҳо, саҳми корхонаҳои дар назди  конҳои ангишти “Фон-Яғноб” ва “Зиддӣ”  фаъолияткунанда назаррас мебошад.

Бо он ки даъво мешавад, истихроҷи ангишт тадриҷан зиёд мегардад, аммо маълум нест, ки  эҳтиёҷоти дохилӣ ба он чӣ қадар аст ва конҳои ватанӣ то куҷо ин эҳтиёҷотро қонеъ месозанд. Ҳамасола ба кишвар аз давлати Қирғизистон  ба миқдори муайян ангишт ворид мегардад.  Гуфта намешавад, ки имсол воридоти ангишт сурат мегирад ё не?  Ҳамзамон афзоиши ҳаҷми истихроҷ ба нархи он дар бозор чи таъсир мегузорад.

4

Бинобар маълумоти расмӣ, ҳиссаи истихроҷи ангишт дар корхонаҳои бахши давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ 59,6 фоиз ва бахши ғайридавлатӣ 40,4 фоиз, инчунин бо тарзи кушод 93,0 фоиз ва зеризаминӣ 7,0 фоизро ташкил дод.

Дар ин давра, харидории ангишт бо назардошти бақияи соли сипаригардида 1177 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки асосан ангишт барои зиёд намудани истеҳсоли барқ ва бо гармӣ таъмин намудани аҳолии шаҳри Душанбе, ба Маркази барқу гармидиҳӣ интиқол дода мешавад.

Соли ҷорӣ,  ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021” ва барои таъмини Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2 (МБГ-2 ш. Душанбе)  интиқоли 1300000 тонна ангишт пешбинӣ гардидааст. То 25 августи соли ҷорӣ мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида ба  МБГ-2 зиёда аз 681,6 ҳазор  тонна ангишт интиқол дода шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *