Аз 4-ум то 6-уми август дар пойтахти Маҷористон шаҳри Будапешт мусобиқаи HUNGARY MASTERS 2023 баргузор мешавад.
Тибқи низомнома дар ин мусобиқа варзишгароне иштирок карда метавонанд, ки дар радабандии ҷахонӣ дар рейтинг то зинаи 38-ум ҷойгир бошанд.
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 6-варзишгарро ба мусобиқаи HUNGARY MASTERS 2023 интихоб кардааст.
Дар вазни -66кг Эмомалӣ Нуралӣ
Дар вазни -66кг Обид Джебов
Дар вазни -73кг Беҳрӯз Хоҷазода
Дар вазни -81кг Сомон Маҳмадбеков
Дар вазни -90кг Комроншоҳ Устопириён
Дар вазни +100кг Темур Раҳимов
Мусобиқаи HUNGARY MASTERS 2023 дар доираи мусобиқоти сайри ҷаҳонии ҷудо баргузор мешавад. Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа бо ҷоизапулии арзишманд қадрдонӣ мегарданд.
Фонди умумии мусобиқа 196-ҳазор евроро ташкил медиҳад. Дар сабқатҳои инфиродӣ ба ғолибон дар ҳамаи вазнҳо 6000 евро, ба барандагони медали нуқра 4000 евро ва ба барандагони медали биринҷӣ 2000 евро тақдим мегардад.
Инчунин, варзишгарон барои беҳтар кардани мавқеашон дар радабандии ҷахонӣ ва олимпӣ соҳиби имтиёз мешаванд. Аз ҷумла ғолибон 1800-имтиёз, барандагони медали нуқра 1260-имтиёз ва барандагони медали биринҷӣ 900-имтиёз ба даст меоранд.
Сорбон Амонуллозода