Сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ширкат ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои раҳбарони Созмони ҳамкории Шанхай, зарурати рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар ва мушкилоти камобӣ дар минтақа аз ҷумлаи муҳимтарин мавзӯҳои матолиби нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 5 июл мақолае бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва формулаи сулҳи тоҷикон” чоп карда, ду соли нахустини ваҳдатгустарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таҳлил кардааст. Муаллиф менависад, ки агар зиёд не, ҳамагӣ ба ин ду соли фаъолияти Роҳбари давлат, ки воқеан он замон ҷавон буд, бо чашми таҳқиқ бингарем ва онро аз рӯйи инсоф баҳо диҳем, мефаҳмем, ки мавсуф дар баробари ҷон ба каф гирифтану сафару суҳбатҳои рӯ ба рӯ бо ҷонибҳои даргир ва халқи одӣ, дар масири даъвату ҳидоятҳои маънавӣ низ, заҳмати хеле зиёд кашидаанд.
Ба хулосаи муаллиф, пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ду соли аввали роҳбарии хеш кореро анҷом доданд, ки фақат чандин институтҳои пуриқтидор ва таҷрибадори сулҳофар ва иқтисодшиносӣ сахтии онро таҳаммул карда метавонистанд. Як чиз равшан аст, ки ҷаҳон то ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ расидани Тоҷикистон ин гуна таҷрибаи нодири сулҳофариро надошт.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумора бо нашри матлабе вазъи соҳаи моҳипарварӣ дар кишварро таҳлил кардааст. Муаллиф менависад, ки тиқби дурнамо имсол дар Тоҷикистон бояд 5100 тонна моҳӣ истеҳсол шавад, аммо барои таъмини беш аз 10 миллион нафар аҳолии кишвар 90 ҳазор тонна моҳӣ бояд истеҳсол кард.
Аз ҷумла, дар ҷумҳурӣ ҳарчанд майдони ҳавзҳои моҳипарварӣ меафзояд, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ҳамагӣ 15-16 сентнер аст, дар ҳоле ки солҳои 90-уми асри гузашта ҳосилнокӣ аз як гектар ҳавз 30-35 сентнерро ташкил медод. Аз ин рӯ, дар бозору нуқтаҳои савдои кишвар гӯшти моҳии воридотӣ нисбат ба моҳии маҳаллӣ бисёртар мебошад.
Муаллиф дар идома таъкид мекунад, ки яке аз мушкилоти асосӣ дар соҳаи моҳипарварӣ ин дастрасӣ ба хӯроки моҳӣ аст, зеро дар ҷумҳурӣ корхонаи махсуси истеҳсоли хӯроки моҳӣ нест. Барои мисол барои як килограмм вазн гирифтани моҳии навъи амури сафед 30-35 килограмм юнучқаи босифат зарур аст. Бино ба гуфтаи коршиносон, барои таъмини пурраи хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ аз 400 то 500 ҳазор тонна хӯрокаи тайёри моҳӣ зарур аст.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар матлаби дигаре аз тақсими майдонҳои пистазори кишвар ба хоҷагиҳои деҳқонӣ интиқод кардааст. Ба навиштаи муаллиф дар Тоҷикистон 82 ҳазор гектар пистазор мавҷуд буда, аксари онҳо ба хоҷагиҳои деҳқонӣ тааллуқ доранд. Муаллиф таъкид мекунад, ки солҳо инҷониб бо сабаби дуруст танзим нашудани заминҳо заминҳои писта ба чарогоҳ табдил ёфта, корҳои ҳифзу барқарорсозӣ пистазор торафт кам мешаванд. Хуллас, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ҷиҳати бунёд ва барқарорсозии ҷангалзор, аз ҷумла ниҳолҳои писта, тадбирҳои қатъӣ андешад.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи ахири худ хабар медиҳад, ки дар ҷаласаи хотимавии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз фаъолияти ин мақоми қонунгузор натиҷагирӣ шуд. Маҳмадтоир Зокирзода раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ин ҷаласа зикр кард, ки дар тӯли фаъолияти чор иҷлосияи гузашта беш аз 2 ҳазору 492 санади меъёрии ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин давра 386 қонун, аз ҷумла 58 қонуни мукаммал, 6 кодекс, 19 қонуни тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, 185 қонун барои тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда ва 117 қонуни тағйиру иловаҳо ба кодексҳо таҳия ва манзур карда шуда, аз он 293 қонун қабул гардидааст. Инчунин, беш аз 164 созишномаву протокол тасдиқ шуданд.
Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид кард, ки амалияи қонунҳои қабулгардида муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба танзим дароварда, ба устувории сохтори қонунгузории кишвар замина фароҳам оварданд ва ба таъмини рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ такони ҷиддӣ бахшиданд.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 5 июл мақолае бо номи “Пули нақд аз байн меравад?! Тоҷикистон ба низоми нав омода аст ё не?” чоп кардааст. Дар ин мақола муаллиф таъкид мекунад, ки гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ талаботи аҳолиро ба пули нақд коҳиш дода, навбатпоиро дар назди банкоматҳо ва хазинаҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои гирифтани пули нақд аз байн мебарад ва боиси сарфаи вақту хароҷоти иловагии аҳолӣ мегардад.
Аз сӯи дигар ғайринақдӣ гардонидани раванди пардохтҳо аҳамияти муҳими иқтисодӣ дошта, истифодаи воситаҳои пардохти ғайринақдӣ ҳангоми анҷом додани пардохти хизматрасониҳои давлатӣ ин равандро осон ва қулай мегардонад.
Ҳамзамон муаллиф дар фарҷоми мақола таъкид мекунад, ки ба андешаи таҳлилгарони масоили иқтисодӣ, пардохти хизматрасониҳо тариқи корт ва дигар ҳамёнҳои мобилӣ хуб аст, агар суръати интернет беҳтару нархи он дар шароити Тоҷикистон низ арзонтар бошад. Ин омили асосӣ дар тадбиқи амалиётҳои электронӣ аст.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар ин шумораи хеш хабар додааст, ки “Баҳр-ат-тафсир” (ё “Уммони тафсир”) яке аз асарҳои муҳими Имом Тирмизӣ дар шарҳи Қуръон, ки солҳо муҳаққиқон гумшуда мепиндоштанд, пайдо шуд. Ин асар, ба қавли пажуҳишгарон, нахустин шарҳи Мусҳафи Шариф дар Мовароуннаҳр аст.
Китоби мазкур солиёни зиёд гумшуда пиндошта мешуд. Вале дар ин авохир Ҷӯрабек Чӯтматов, ходими калони илмии Маркази байналмилалии пажуҳишгоҳи Имом Тирмизӣ, доктори илмҳои фалсафа дастнависи ин асарро дар Бурдури Туркия пайдо карда, ба чоп омода кардааст. Бояд гуфт, ки фарзанди бузурги миллати тоҷик Абуисо Муҳаммад Тирмизӣ яке аз 6 муҳаддиси муътабари аҳли суннат ва ҷамоат аст.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 6 июл мақолаи таҳлилие дар робита ба таҳдиди камобӣ ба минтақаи Осиёи Марказӣ нашр кардааст. Муаллиф аз қавли Агентии обу ҳавошиносии Ӯзбекистон навиштааст, ки дар замони мавсими обёрӣ дар соли 2023 ҳаҷми оби дарёҳое, ки аз Тоҷикистон ва Қирғизистон сарчашма мегиранд ба андозаи 10 % ва Ӯзбекистон 20 % аз меъёр кам шудааст.
Дар ҳамин ҳол профессор Яраш Пулодов корманди пажуҳишгоҳи масоили об ва гидроэнергетика ва экологияи АМИТ гутфааст, ки дар соли ҷорӣ 20 дарсади заминҳои кишоварзии кишвар бо камбуди оби полезӣ рӯбарӯ шуданд. Аз ҷумла ин мушкилот дар Шаҳристон ва Истаравшан эҳсос мешавад.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи муаллиф аҳолии минтақаи Осиёи Марказӣ сол ба сол зиёд шуда, аллакай дар соли 2023 ба 80 млн. нафар расидааст. Афзун ба ин агар имрӯз Афғонистон бо аҳолии 40 млн нафар низ ҳақобаи худро аз ҳавзаи Амударё талаб дорад.
Аз сӯи дигар профессор Яраш Пулодов таъкид кардааст, ҳаҷми обе, ки аз ҳавзаи Амударё ва Сирдарё гирифта мешавад, танҳо 40 дарсади он истифода шуда, боқӣ 60 дарсади он талаф мешавад.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”