Дирӯз бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ бахшида ба “Рӯзи маъюбон” доир гардидааст.
Тавре сомонаи КМТ хабар медиҳад, дар чорабинӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, намояндагон аз Вазорати корҳои дохилии ҶумҳурииТоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзноманигорон, аъзоёни фаъоли шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд ва кормандони Китобхонаи миллӣ иштирок намуданд.
Маҳфилро муовини аввали директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Салима Раҷабзода оғоз намуда, ҳозиронро ба муносибати “Рӯзи маъюбон” муборакбод кард.
Вай аз ҷумла ёдовар шуд, ки аз аввалин рӯзе, ки бинои нави Китобхонаи миллӣ ифтитоҳ шуд, як толори вижаи хониш барои ин гурӯҳ ҷудо шуд ва як шуъба дар хидмати онҳо қарор гирифт.
Ин шуъба на танҳо барои маърифатнок кардани шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд талош мекунад, балки бо роҳандозии чорабиниҳое назири маҳфили имрӯз ҳамеша хотири онҳоро шод мекунад.
Қисмати баъдии барнома фарҳангиву фароғатӣ буд. Аъзоёни фаъоли шуъба Абдулазиз Ашуров, Умед Ашуров, Фарҳод Қодиров, Қудратулло Муҳаммадиев, инчунин сарояндагони шинохтаи кишвар Қобилҷон Зарипов, Билол Ғафурӣ, Файзигул Юсуфова, Равшан Анаев бо таронаҳои дилкаш баромад намуда, хотири иштирокдоронро шод намуданд.
Сарпарастони чорабинӣ ба хонандагони фаъоли шуъба туҳфаҳо тақдим намуданд.
Роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ҳунармандонеро, ки барои хуш кардани хотири ин афрод ба маҳфил ҳозир шуда буданд, бо “Сипоснома”-ро қадрдонӣ намуд.
Дар охир сарпарастони чорабинӣ барои ширкаткунандагон аз зумраи шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд баъшида ба “Рӯзи маъюбон” ғизо доданд.