Рақибони мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2026 рӯзи 27-июл муайян мегардад

Рӯзи 27-июл дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё маросими қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 баргузор мешавад. Тими мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 аз даври дуюм рақобатҳоро оғоз мекунад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки феълан дар раддабандии ФИФА миёни 46-кишвари Конфедератсияи футболи Осиё дар ҷойи 20-ум қарор дорад, аз даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муборизаро шуруъ менамояд.

Аз сабаби он, ки аввалин маротиба дар Ҷоми ҷаҳон-2026 48-даста иштирок мекунад, Конфедератсияи футболи Осиё ба формати интихобӣ баъзе тағйирот ворид кард – барои дастаҳои қитъаи Осиё ҳаштуним роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2026 пешниҳод мешавад. Ин маънои онро дорад, ки аз миёни 45-кишвар 18-даста бо имтиёзи пасттарин – тибқи рейтинги навбатии ФИФА, ки 20-июл нашр мешавад ва вобаста ба шумораи дархостҳои ба ФИФА пешниҳодшуда – дар даври аввал рақобатро шуруъ мекунанд.

Дар даври аввал 18-даста 9-ҷуфтро ташкил медиҳад, ки рӯзҳои 12-ум ва 17-уми октябри соли 2023 дар мизбонӣ ва дар меҳмонӣ бозӣ мекунанд.

Ғолибони даври аввал ба даври дуюм роҳ меёбад ва онҷо 27-дастаи боқимонда ҳамроҳ мешаванд. Дар марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон 36-даста ба 9-гурӯҳ тақсим мешавад ва иштирокчиён аз моҳи ноябри соли 2023 то моҳи июни соли 2024 6-бозигӣ анҷом медиҳанд.

Дар охири даври дуюм ғолибони 9-гурӯҳ ва дастаҳое, ки ҷойҳои дуюмро соҳиб мешаванд, муборизаро дар даври сеюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 идома дода, инчунин соҳиби роҳхат ба қисмати ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 мегарданд.

Қуръакашии даври сеюми Ҷоми ҷаҳон-2026 соли 2024 сурат мегирад. Аз рӯи натиҷа 18-даста ба се гурӯҳ тақсим мешавад. Пас аз натиҷагирии даври сеюм ду тими беҳтарин аз ҳар гурӯҳ соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2026 мешаванд. Боз ду иштирокчии мустақими дигар аз Осиё дар даври 4-уми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муайян карда мешавад ва як роҳхати дигари эҳтимолӣ тавассути плей-оффи байниқитъавӣ дастрас хоҳад шуд.

Дастаҳое, ки дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 ҷойҳои 3-юм ва 4-умро ба даст меоранд, мустақиман ба даври сеюм ва ниҳоии интихобии Ҷоми Осиё-2027 роҳ меёбанд.