Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» дар Гулистон ҷамъомади таълимию тамринӣ мегузаронад.
Барои ин ҷамъомади тамринӣ, ки аз 7-ум то 21-уми июл дар осоишгоҳи «Баҳористон»-и Гулистон баргузор мешавад, сармураббии тими миллии Тоҷикистон Пайрав Воҳидов 18-бозигар 4-дарвозабон ва 14-футзалбозро даъват кардааст. Ба рӯйхати асосии даста 14-бозингар шомил карда мешавад.
Бояд қайд намоем, ки дар мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои миллии Ӯзбекистон (23-июл), Туркманистон (24-июл), Қирғизистон (26-июл), Афғонистон (28-июл) ва Эрон (30-июл) рақобат мекунад. Бозиҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе доир мешаванд.
Сорбон Амонуллозода