Аввалин маротиба дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ санаи 27-июн дар шаҳри Душанбе бо иштироки варзишгарони 30-кишвари қораи Осиё, баргузории якумин Чемпионати Осиё оид ба «Гӯштингирӣ» ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора хабар медиҳад Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон.
Мусобиқа бевосита бо дастгириҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мешавад.
Имсол моҳи сентябр бошад дар нақша аст, ки аз риштаи варзиши аҷдодӣ дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба гӯштини миллӣ баргузор шавад.
Тавре, ки Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода изҳор дошт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири хусусияти баналмилалӣ гирифтани гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» ва ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба бозиҳои варзишӣ, муаррифӣ намудани намудҳои миллии варзиш дар арсаи байналмилалӣ, бахусус гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва ниҳодҳои дахлдори давлатию ҷамъиятӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
«Бо ин мақсад, Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор баргузории чемпионат ва мусобиқаҳои сатҳи байналмилалиро дар дохил ва хориҷи мамлакат ба нақша гирифтааст ва ин чорабинӣ омодагӣ барои баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ мебошад, ки тибқи Тақвими байналмилалӣ доиршавии он моҳи сентябри соли равон дар назар дошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли 2022 гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) мақоми байналмилалӣ гирифт. Ин дараҷаи байналмилалӣ дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, гӯштини миллӣ соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид.