Дар доираи «World Judo Tour» сайри ҷаҳонии ҷудо рӯзҳои 23-25 июн дар пойтахти Муғулистон шаҳри Улан-Батор мусобиқаи ULAANBAATAR GRAND SLAM 2023 баргузор мешавад.
Баргузоршавии мусобиқа бо иштироки ҳудуди 400-варзишгар аз 45-кишвари ҷаҳон ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 7-варзишгар миёни мардон намояндагӣ мекунанд:
Дар вазни -60кг – Муҳаммадсолеҳ Қувватов
Дар вазни -60кг – Меҳрзод Суфиев
Дар вазни -66кг – Обид Ҷебов
Дар вазни -73кг – Беҳрӯз Хоҷазода
Дар вазни -81кг – Сомон Маҳмадбеков
Дар вазни -90кг – Комроншоҳ Устопириён
Дар вазни +100кг – Мансур Раҳмон
Фонди умумии ҷоизаҳо 154 000 евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳамаи вазнҳо 5000-евро, барандагони медали нуқра 3000-евро ва ҷоизадорони медали биринҷӣ 1500-евро ҷоизапулӣ ба даст меоранд. Инчунин, сар карда аз ULAANBAATAR GRAND SLAM 2023 дар радабандии олимпӣ холшумории 100% шуруъ мешавад. То ин вақт 50% имтиёзҳои варзишгарон ҳисоб карда мешуд.
Ҳамин тариқ, варзишгарон як соли дигар – то 25-июни соли 2024 имкон доранд барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ талош кунанд. Дар асоси радабандии олимпӣ аз 25-июни соли 2024 дар ҳар вазн 18-нафар, бо дарназардошти як варзишгар аз як давлат, соҳиби роҳхати Бозиҳои олимпӣ Париж-2024 мешаванд.