Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз фиристонидани чанд ноболиғи бепарастор, ки шаҳрвандони Тоҷикистон гуфта мешаванд, хабар медиҳад.
Тавре дар хабари Сафорат омадааст, ки 18 июни соли 2023 бо мусоидати Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия 3 нафар шаҳрвандони ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия бепарастор монданд, ба Ватан фиристода шуданд.
Дар хабари расмӣ наомадааст, ки ин ноболиғон чаро ба чунин сарнавишт дучор омадаанд. Аммо манбаъ гуфтааст, ки аз аввали сол то инчониб 9 шаҳрванди ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ватан баргардонида (репатриация) шуданд.