Баргузории чорабинии фарҳангӣ дар Осорхонаи миллӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон (Суратгузориш)

Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1 – уми июн таҷлил карда мешавад, барномаи фарҳангӣ иборат аз мусиқӣ, ороиши ҳино дар дастон ва намоишномаи омоданамудаи ҳунармандони театри лухтаки шаҳри Душанбе, манзури кӯдакон гардонида шуд.

Имрӯз саҳни Осорхонаи миллии Тоҷикистонро фазои идона фаро гирифта буд. Кӯдакону наврасон бо хушҳолии зиёд ҷамъ омада, зери навои мусиқӣ рақсу бози намуданд. Пеш аз оғози барномаи фарҳангӣ директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода суханронӣ карда, иброз намуд, ки мо аҳли роҳбарияти осорхона то қадри имкон талош кардем, ки як барномаи фарҳангӣ ташкил намуда, тарбиятгирандагони кӯдакистонҳоро даъват намоем ва бо ин восита дар хурсандии имрӯзаи онҳо шарик гардида, заррае ҳам бошад дар олами кӯдакии онҳо сайр намоем.

Дар идомаи барномаи фарҳангӣ рақси қумбоқ дар иҷрои тарбиятгирандагони кӯдакистони рақами 1 – уми шаҳри Душанбе манзури тамошобинон гардонида шуд, ки писанди ҳамагон гардид. Ҳамчунин кӯдакону наврасон сайри осорхона карда, бо осори қадимаи маллатамон аз наздик ошно гардиданд.

Тавре Фаридун Кенҷаев сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон мегӯяд, багузор гардидани чунин чорабиниҳо далолат аз он менамояд, ки фаъолияти осорхона дар як самт маҳдуд набуда, он бо дигар соҳаҳои муҳими кишвар дар робита мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола дар арафаи рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳру ноҳияҳои кишварамон чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор мегардад, ки ин ҳама натиҷаи таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати кӯдакон мебошад. Баргузор гардидани чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани дараҷаи маълумотнокӣ, инкишофи зеҳнӣ, тансиҳатӣ ва истироҳату фароғат намудани кӯдакон мусоидат менамояд.

Сарвинози Сайдалӣ

радиои “Тоҷикистон”