Филмҳои тасвирӣ барои кӯдакон хеле гуногунанд, волидайн бояд ба интихоби онҳо бодиққат муносибат намоянд. Чунки бо ёрии филмҳои тасвирии таълимӣ кӯдак бо рангҳо, садоҳо, ҳарфҳо, ҳайвоноти хонагӣ, калимаҳои нав, нақшҳои оилавӣ, асбобҳои мусиқӣ ва дигар ашёҳо шинос мешавад. Имрӯзҳо коргардонҳои муваффақи ҷаҳонӣ барои кӯдакону наврасон филмҳои тасвириро дар мавзуъҳои мухталиф ба навор мегиранд, ки бештари онҳо зуд маъруфият пайдо карда, паҳн мегарданд.
Барои кӯдакон филмҳои тасвирӣ ҳамчун як равзанаи олами барои худашон хос мебошад. Филмҳои тасвирӣ барои кӯдакон намунаҳои муайяни рафтор ва меъёрҳои ахлоку одобро ҷорй мекунанд. Кӯдакон бо ёрии филмҳои тасвирӣ роҳҳои гуногуни ҳалли мушкилотро меомӯзанд, дар бораи амалҳои худ фикр карданро ёд мегиранд, дар бораи гуногунии ҷаҳон, мафҳумҳои некӣ ва бадӣ маълумот мегиранд. Бинобар ин барои ҳар як падару модар зарур аст, ки назорат кунад то фарзандаш кадом намуди филмҳои тасвириро тамошо мекунад. Мо дар маводи таҳиякардаи худ 5 филми тасвириеро, ки равоншиносони варзидаи ҷаҳонӣ тамошои онҳоро тавсия додаанд ва дидабароии зиёду шарҳҳои хубро гирифтаанд, ҷамъ овардем ва пешниҳоди шумо менамоем.
1.Ҳаюло дар Порис
Филми тасвирии хубе барои кӯдакон ва калонсолон аст. Он дар бораи муҳаббат ба мусиқӣ нақл мекунад, ки барои ҳар нафаре, ки онро тамошо мекунад, бетаъсир нахоҳад буд. Ҳарчанд ҳаюло сурати даҳшатнок дорад, вале сиришташ зебост, меҳрубон аст ва ба ҳама чиз муҳаббати самимӣ дорад. Дар филм танҳо сарояндаи зебое бо номи Люсил метавонад чеҳраи аслии Ҳаюлоро бубинад ва бо ӯ дӯст шавад. Ин филми тасвири барои дар замири кӯдакон бедор намудани ҳисси баланди инсондӯстӣ ва дӯст доштани санъат кӯмак мекунад.
- Сири ниҳонии Коко
Ин филми тасвирӣ низ дар бораи дӯст доштани мусиқӣ ва эҳтиром ба бузургзолону гузаштангони худ мебошад. Мигели 12-сола дар як деҳаи Мексика дар оилаи пойафзолдуз зиндагӣ мекунад ва пинҳонӣ орзуи навозанда шуданро дорад. Зеро дар оилаи онҳо мусиқӣ навохтан ғазаби атрофиёнро ба бор меорад ва ҳамчун чизи лаънатшуда ҳисобида мешавад. Чунки боре бобои бузургвораш ба хотири орзунавозанда шудан оилаашро танҳо гузошта буд. Аз он вақт инҷониб, мавзӯи мусиқӣ дар оилаи онҳо ба чизи мамнӯъ табдил ёфтааст. Мигел мефаҳмад, ки байни ӯ ва сарояндаи дӯстдоштааш Эрнесто де ла Круз, ки фавтида аст, робитае вуҷуд дорад. Писарбача дар сарзамини мурдагон ба назди бути худ меравад ва дар он ҷо бо арвоҳи ниёгон вомехӯрад. Мигел дар он ҷо бо рӯҳи скелет бо номи Гектор вомехӯрад, ки роҳнамои ӯ мешавад. Якҷоя онҳо ба ҷустуҷӯи де ла Круз мераванд ва оҳиста – оҳиста ҳақиқат барои писарбача аён мегардад. Дар ин филми тасвирӣ ба кӯдакону калонсолон таълим дода мешавад, ки зуд қазоват накунанд ва барои дарки ҳақиқат талош кунанд.
3.Нигаҳбони Моҳ
Қаҳрамони асосии ин филми тасвири фаун Муне аз сайёраи аҷибест, ки дар он шабонарӯзро на ҳамчун дар сайёраи мо маъмулӣ ва аз рӯйи соат муайян мекарданд, балки дар сайёрае, ки қаҳрамони филми тасвирӣ зиндагӣ мекард, шабу рӯз дастӣ иваз карда мешуд. Ӯ муҳофизи моҳ шуд, аммо дарҳол моҳро ва аз паси он офтобро ҳам аз даст дод. Филми тасвирӣ таълим медиҳад, ки чизи асосӣ меҳрубонӣ аст ва дар назди дӯстоне, ки ҳамеша ба кӯмак омодаанд, ҳеҷ чиз даҳшатнок нест! - Энканто
Оилаи аҷиби Мадригал дар хонаи ҷодугаре, ки дар кӯҳҳои Колумбия пинҳон шудааст, дар як гӯшаи дилрабо бо номи Энканто зиндагӣ мекунанд. Ҳар як кӯдаки оилаи Мадригал аз ҷодугарии ин макон бо тӯҳфаи беназир – аз қувваи олӣ то қобилияти шифобахш баракат дода шудааст. Аз қобилияти фавқултабиӣ танҳо духтари ҷавон Мирабел бенасиб монда буд. Вақте Мирабел дарёфт, ки Энканто дар хатар аст, тасмим мегирад, ки ӯ метавонад охирин умеди наҷот додани оилаи махсуси худ бошад ва дар охир ӯ дар ҳақиқат ғолиб меояд ва оилаашро наҷот медиҳад. Ин филми тасвирӣ на танҳо барои кӯдакон, балки барои калонсолон низ ибратбахш мебошад, чунки дар ин филм метавон дарёфт, ки муҳим нест, ки бояд мисли дигарон ва дар ҳама кор муваффақ бошӣ, муҳим он аст, ки худат бошӣ. Ва барои калонсолон шинохтани он истеъдоде аст, ки кӯдакони онҳо доранд, на он чизе ки дигарон доранд. - Билол Филми тасвирии “Билол” дар бораи ҳаёти писарбачае нақл мекунад, ки аз хурдӣ бо хоҳараш ятим мондааст ва ҳамеша барои адолат мубориза мебараду намегузорад хоҳарашро касе озор диҳад. Ин филми тасвирӣ барои кӯдакон аз он ҷиҳат хуб аст, ки эҳтиром, дӯстӣ ва муҳаббат ба атрофиёнро меомӯзад ва ба воситаи саҳнаҳои алоҳида нишон медиҳад, ки набояд ба ҳар касу ҳар чиз боварӣ кард, чаро ки ҳастанд нафароне, ки бо роҳи фиреб аз ҳисоби мардум пулу мол ба даст меоранд.
- Ин буд чанд филми тасвирие, ки дар раддабандии ҷаҳонӣ мавқеи хуб доранд ва дар ташаккули зеҳн ва фикрронии кӯдакон таъсир мегузорнад.
- Набояд фаромӯш кард, ки ҳастанд филмҳои тасвирие, ки ба психикаи кӯдакон зараи манфӣ мерасонанд. Коршиносони Мактаби равоншиносии Донишгоҳи давлатии Маскав “парад зидди хит”-и мультфильмҳои осебпазири кӯдаконро тартиб додаанд. Ба он “Мактаби монстр”, “Спанҷ Боб – шими мураббаъ”, “Духтарони аспсавор”, “Даредевил Кик Баттовски”, “Маша ва хирс”, “Минионҳо”, “Пеппа Пиг”, “Том ва Ҷерри”, “Финеас ва Ферб” дохил шудаанд.
- Пас саволе ба миён меояд, ки оё филмҳои тасвирӣ барои кӯдакон зарароваранд ё муфиданд? Аҷиб аст, ки ба ҳарду савол ҷавоби мусбат додан мумкин аст. Мо ба волидон маслиҳат медиҳем, ки талаботҳои тамошои филмҳои тасвириро риоя кунанд. Бигзор кӯдакон филмҳои мухталифи аниматсиониро тамошо кунанд, аммо падару модаронро зурур аст, ки маҳдудиятҳои синну сол ва вақти тамошоро назорат намуда, сюжетҳоро таҳлил кунанд, ҳикояҳои ибратбахш ва муфидро интихоб намоянд.
- Парвина Самандарзода, радиои “Тоҷикистон”