18 майи соли равон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо таҳти унвони “Оинаи таърих” баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар чорабинӣ, ки бевосита бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ ва Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат иштирок ва суханронӣ намуда, ҳамчунин аз толори навтаъсиси шаҳристони Тахти Сангин боздид ба амал оварданд.
Дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур ҳама осорхонаҳои мамлакат фаъолона ширкат намуда, корҳои амалиро дар тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, ватандӯстӣ, ҳисси хештаншиносии аҳолӣ ва эҳтиром мероси фарҳангии ниёгон , ки яке аз самтҳои асосии сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ба анҷом расонидаанд.
Ёдовар бояд шуд, ки озмуни Озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо таҳти унвони «Оинаи таърих давоми моҳҳои март-май дар се давр баргузор шуда, тибқи хулосаи ҳайати ҳакамон ба даври ниҳоӣ аз рӯи бахшҳои «Беҳтарин осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ» ва «Беҳтарин хона-музей» 15 осорхона роҳхат гирифт.
Ҳамин тариқ, дар бахши «Беҳтарин осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ» осорхонаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва дар бахши «Беҳтарин хона-музей» хона-музейи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд сазовори ҷойҳои аввал гаштанд. Ҳамаи иштирокдорон ва ҳакамони озмун бо Диплому мукофоти пулӣ ва Сипосномаҳои Вазорати фарҳанг қадрдонӣ гардиданд.