Дар рӯзи 4-уми Чемпионати ҷудои ҷаҳон дар шаҳри Доҳаи Қатар, Тоҷикистонро ду варзишгар Сомон Маҳмадбеков ва Шодмон Ризоев дар вазни -81кг намояндагӣ карданд.
Аввалин шуда Сомон Маҳмадбеков ба рақобат пайваст. Ӯ дар даври аввал бо варзишгари навкор аз кишвари Доминика – Медиксон Корторреал нерӯсанҷӣ кард. Дар ин қувваозмоӣ Сомон ба таври ғайричашмдошт ба бохт рӯ ба рӯ шуд. Медиксон Корторреали 27-сола тавонист, ки бо имтиёзи иппон Сомон Маҳмадбековро шикаст дода, ба даври баъдӣ роҳ ёбад.
Варзишгари дигари тоҷик Шодмон Ризоев тавонист, ки қаҳрамонона муқобили ситораҳои ҷаҳонии ҷудо дар ин вазн то ба охир мубориза барад. Дар даври аввал Шодмон бо ду имтиёзи вазарӣ муқобили Араб Сибғатуллоҳ дастболо шуда, ба даври дуюм роҳ ёфт.
Дар даври дуюм ҷудокори тоҷик бо Анри Эгутидзеи португалӣ, ки қаблан медали биринҷии Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳонро соҳиб шудааст, сабқат кард. Дар ин нерӯсанҷӣ Шодмон бо як вазирӣ пирӯз гардида, ба даври сеюм роҳхат гирифт ва дар даври сеюм бо Қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2022 – Тато Григалашвили қувваозмоӣ намуд.
Шодмон дар ин давр қаҳрамонона аз Тато шикаст хӯрд. Дар ҷараёни вохӯрӣ Григалашвили як имтиёзи вазарӣ кор кард ва 42-сония мондан то анҷоми сабқат аз як иштибоҳи дифоъ бо сар, довар ба Шодмон хансуко-макиро лоиқ донист ва Ризоев мувоҷеҳи шикаст гардид.
Барои Шодмон Ризоев Чемпионатм ҷудои ҷаҳон дар даври сеюм хотима ёфт.
Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи сеюми мусобиқа низ Беҳрӯзи Хоҷазода (-73кг) то ба даври сеюм роҳ ёфта буд.
Ҳамакнун, имрӯз дар вазни -90кг Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи бонуфуз Комроншоҳи Устопириён ва Ҷаҳонгир Маҷидов намояндагӣ мекунанд.
Сорбон Амонуллозода